Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

ХАФАБАНД

fe4d472b8a7e73265e1236ce6f50bbcc

ХАФАБАНД, хафбандак, як навъ зеби гардани занонро’ гӯянд. Хафабандро бештар аз гарди хазина (навъи мӯҳра), марҷони сурхи майда, баъзан аз нуқра турбоф мекунанд. Xафабанд бо рангҳои гуногун ва гулпартоӣ аз якдигар фарқ мекунад. Одатан нақшҳои хафабанд ромбшакл, чоргӯша, сегӯша ва панҷгӯша мешаванд. Барои духтарон 4—6 ва барои занони калонсол 6—10 тор …

Муфассал »

ХАТҲОИ ҲИНДӢ

ХАТҲОИ ҲИНДӢ, гурӯҳи хатҳои Осиёи Ҷан. Шарқӣ, ки манбаи умумии пайдоиш ва принсипҳои ягонаи сохти алифбоӣ доранд. Қадимтарин навъи хати Ҳиндустон катибаҳои иероглифии рамзкушоӣ нашудаи мӯҳрҳо (ҳазораи 3—2 то мелод) мебошанд, ки аз Моҳенҷо Даро ва Ҳараппӣ ба даст омадаанд. Нахустин осори адабии рамзкушоишуда ба асри 3 то мелод тааллуқ …

Муфассал »

ХАТШИНОСИИ СУДӢ

hukuk

ХАТШИНОСИИ СУДӢ, як соҳаи криминалистикаро гуянд, ки хат ва усулҳои таҳқиқи онро бо мақсади ҳал кардани масъалаҳои тафтиши ҷиноят ва корҳои ҷиноятию гражданӣ дар мурофиаи судӣ меомӯзад.

Муфассал »

ХАТҲОИ ТАРТИБИ ДУЮМ

ХАТҲОИ ТАРТИБИ ДУЮМ, хатҳои ҳамвореанд, ки координатаҳои росткунҷаи онҳо муодилаи алгебравии дараҷаи дуюмро қонеъ мегардонанд. Масалан, эллипс, (аз ҷумла, давра), гипербола ва парабола аз ҳамин қабиланд.

Муфассал »

ХАТҲОИ СПЕКТРӢ

ХАТҲОИ СПЕКТРӢ, соҳаҳои хурди қариб монохроматии спектрҳои оптикиро гӯянд. Xатҳои спектрӣ бо дарозии мавҷи муайян λ (ё басомади он γ = —, ин ҷо с — суръати рӯшноӣ) тавсиф мешавад. Xатҳои спектрӣ ҳангоми аз як ҳолати квантӣ ба ҳолати дигар гузаштани атом (молекула) ба вуҷуд меоянд ва паҳноии муайян доранд.

Муфассал »