Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

«ХИЗОНАИ ОМИРА»

«ХИЗОНАИ ОМИРА» тазкираест, ки Мир Ғуломалии Озоди Балгиромӣ соли 1757 таълиф кардааст. Шарҳи ҳоли шоирони форстоҷик (аз давраи Рӯдакӣ то замони зиндагии муаллиф)-ро дар бар мегирад, Тартиби тазкира алифбоист. Муаллиф зимни баёни тарҷумаи ҳоли шоирон аз «Лубоо-ул-албоб», «Тазкират-уш-шуаро »-и Давлатшоҳ, «Тӯҳфаи Сомӣ», «Ҳафт иқлим», «Мунтахаб-ут-таворих»-и Бадоунӣ, «Маҷмаъ-ул-фузало»-и Бақоӣ, «Тазкираи Насрободӣ», …

Муфассал »

ХИЗОНАИ АМУДАРЁ

ХИЗОНАИ АМУДАРЁ, хизонаест иборат аз 1300 сикка ва 176 ашёи тиллою нуқра. Соли 1877 аз тарафи аҳолии маҳаллӣ дар ҷои резишгоҳи дарёи Кофарниҳон ба Аму, наздикии димнаи Тахти Сангин ёфт шудааст. Кашшофони Xизонаи Амударё тамоми ашёи хазинаро ба тоҷирони бухороӣ Возиуддин, Ғуломмуҳаммад ва Шукуралӣ фурӯхтанд. Ҳангоми ба Хиндустон бурдани хазина …

Муфассал »

ХИЗМАТЧИЁН

municipalnyy-sluzhashchiy-2017

ХИЗМАТЧИЁН, коргарони соҳаи ғайриистеҳсолӣ ва меҳнати фикриро гӯянд. Онҳо аз гурӯқи калони коркунони касбӣ (кадрҳои маъмурию идоравӣ, коргарони инженерию техникӣ ва дигар гурӯҳҳои мутахассисони дипломдор, аз қабили муаллимони мактабҳои олию миёна, духтурон ва ғайра), коргарони идора ва соҳаӣ савдо иборатанд. Ҳоло дар мамлакатҳои капиталистӣ қисми роҳбарикунандаи хизматчиён ба буржуазия ва …

Муфассал »

ХИЗОНА

ХИЗОНА, маҷмаъи чизҳое, ки пинҳон карда дар замин гӯронида шудданд ва барои соҳибашон арзиши гарон доранд. Хизонаҳо қариб дар ҳама ҷоҳо пайдо шудаанд ва одатан барои илми таърих сарчашмаи муҳиманд. Қадимтарин хизонаҳо бадавраҳои неолит ва энеолит мансубанд. Дар ҳудуди Тоҷикистои хизонаи Амударё, хизонаи Шаҳристон, хизонаи осори биринҷии асри 11—12 аз …

Муфассал »

ХИЁРАК

ХИЁРАК, бубон (аз юнонӣ bubon — омоси қадкашак), аз илтиҳоб варам кардани гиреҳҳои лимфавиро гӯянд. Ҳангоми бемориҳои таносулӣ ва сироятӣ (масалан, тоун, сил, сифилис ва ғайра) пайдо мешавад.

Муфассал »