Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

Шаҳри Нагоя

2

Нагоя, шаҳр ва бандар дар Япо­ния. Дар қисми марказии ҷазираи Хон­сю, дар делтаи д. Кисо воқеъ гаштааст. Маркази маъмурии префектураи Аити. Аҳолиаш 2083 ҳазор нафар (1975). Нагоя яке аз калонтарин узелҳои нақлиёт ва марказҳои саноату молия, тиҷорату маданияти мамлакат. Дар Нагоя қариб 10% махсулоти саноатии мамлакат истеҳсол карда мешавад. Дар …

Муфассал »

Наган

2

Наган, тапончае, ки аслиҳасози белгиягӣ Наган (Nagant) охири асри 19 ихтироъ кардааст. Дар армияҳои Россия, Шветсия, Австрия—Венгрия ва ғайра маъмул буд. Дар Армияи Сурх то Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941—45) Нагани намунаи соли 1895 (калибраш 7,62 мм, масофати тирпарониаш то 100 м, ғуичоиши тирдонаш 7 тир) истифода мешуд.

Муфассал »

Деҳаи Навҷавон

2

Навҷавон, деҳаест дар Совети қишлоқи Меҳнатободи райони Коммунисти, вилояти Қургонтеппа. Территорияи колхозу «Коммунизм». Аз Навҷавон то маркази Совети қишлоқ- 7 км, то район 14 км; роҳаш асфалтпӯш. Аҳолиаш 500 нафар (1982), тоҷикон. Мактаби ибтидоӣ дорад. Соҳаи асосии хоҷагӣ — пахтакорӣ. Заминҳо ба воситаи канал аз дарёи Вахш обёрӣ ме- шаванд. …

Муфассал »

Навҳа Мулло Муҳаммадсолеҳ

2

Навҳа Мулло Муҳаммадсолеҳ (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоири тоҷик. Дар нимаи дуюми асри 19 ва ибтидои асри 20 дар Бухоро умр ба cap бурдааст. Навҳа мувофиқи маълумоти «Тазкират-уш-шуаро»-и Мӯҳтарам дар замони таълифи тазкира барҳаёт будааст. Навҳа соҳиби хати хуб буда, бо китобат рӯз мегузаронид. Абёти боқимондаи шоир (дар тазкираву …

Муфассал »

Навъсанҷӣ

Навъсанҷӣ тадқиқ, баҳодиҳӣ ба навъу дурагаҳои зироати хоҷагии қишлоқ (бо муқоисаи навъҳои стандартӣ) ва муайян намудани қобили парваришии онҳо дар шароити истеҳсолӣ. Дар ИТТИҲОДИ ШӮЪРАВӢ Навъсанҷии стансионӣ ва давла­тӣ гузаронида мешавад. Ҳангоми Навъсанҷии стаисионӣ навъро дар замини муассисае, ки онро ба даст овардааст, 2—3 сол меомӯзанд ва дар як вақт …

Муфассал »