Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

Назарияи маҷмӯъҳо

2

Назарияи маҷмӯъҳо таълимотест дар бораи хосиятҳои умумии маҷмӯъҳо, алалхусус маҷмӯъҳои беинтиҳо. Мафҳуми маҷмӯъ аз ҷумлаи соддатарин мафҳумҳои  математикист, он таъриф дода намешавад, аммо бо мисолҳо шарҳ додан мумкин аст. Чунончи, дар бораи маҷмӯи китобҳои ягон. китобхона, маҷмӯи нуқтаҳои хати рост, маҷмӯи ҳалҳои ягон муодила сухан ронда метавонем. Китобҳои китобхонаи мазкур, …

Муфассал »

Назарияи маърифат

2

Назарияи маърифат гносе­ология, эпистемология, яке аз фаслҳои фалсафа буда масъалаҳои бунёди маърифат ва имкониятҳои он, таносуби дониш ва воқеиятро омӯхта, заминаҳои умумии маърифатро тадқиқ мекунад. Дар фалсафаи дунёи қадим масъалаи асосии Назарияи маърифат масъалаи таносуби донишу тахмин ва ҳақиқату иштибоҳ буд. Зимнан дониш бо мавзӯи худ алоқаманд дониста мешуд. Масалан, …

Муфассал »

Назарияи майдон

2

Назарияи математикиест, ки хосиятҳои скаля- рӣ, векторӣ (ё умуман тензорӣ) -и майдонҳоро, яъне ҳавзаҳои фазо (ё сатҳ)-еро тадқиқ, мекунад, кӣ ба ҳар як нуқтаи М-и онҳо адади и(М) (масалан, ҳарорат, фишор, зичӣ, тадохули магнитӣ) ё векторӣ а(М) (масалан, суръати зарраи моеъи ҷорӣ, шиддатнокии майдони қуввагӣ, аз ҷумла майдонҳои электрӣ ва …

Муфассал »

Назарияи «коиноти тасфан»

2

Назарияи космологиест, ки дар он марҳалаҳои аввалини инкишофи Коиноти том таъбири физики ёфтаанд. Олими белгиягӣ Жорж Леметр натиҷаи мушоҳидаҳои астрономии Эдвин Ҳабблро таҳлилу таркиби фи­зики карда ба хулоса омад, ки Коинот дар гузаштаи дур дар як пола­ти фавқулодда зич буду бо мурури замон ба ҷувбиш омада, сахт таркид ва дар …

Муфассал »

Назарияи конвергенсия

Назарияи буржуазиест, ки ғоян тадри- ҷан барҳам хурдани тафовутҳои иқтисодӣ, сиёсию идеологии байни ка­питализму сотсиализм ва дар охир якшавии онҳоро тарғиб  мекунад. Солҳои 50 дар натиҷаи инқилоби илмию техникӣ ва инкишофи ҷамъиятикунонии истеҳсолоти капиталистӣ ба вуҷуд омадааст. Голбрейт, У. Ростоу (ШМА), Я. Тинберген (Нидерланд) ва дигарон намояндагони асосии Назарияи конвергенсия …

Муфассал »