Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

Назмии Истаравшанӣ Саидмаҳмудхон

Назмии Истаравшанӣ Саидмаҳмудхон (1827, Ӯротеппа —1892/1893, ҳамон қо), шоири тоҷик. Падари Зуфархони Ҷавҳарӣ ва бобои Суҳайлӣ  Ҷавҳаризода. Айёми кӯдаки ва ҷавониашро дар зодгоҳаш гузаронида- аст. Дар Бухоро таҳсили илм кар­дааст. Баъд аз хатми Мадраса Назмии Истарафшанӣ дар зодгоҳаш муддате мударрис, баъдтар муфтӣ ва сипас қозӣ шудааст. Назмии Истарафшанӣ ҳамчун шахси фозилу …

Муфассал »

Назмии Бухорои Сайидҷон-махдум

2

Назмии Бухорои Сайидҷон-махдум (соли таваллудаш номалум,  вафот 1918), шоири тоҷик. Дар тазкираҳои Мӯзтарам, Афзал Махдуми Пирмастӣ, Садри Зиё, инчунин дар «Намунаи адабиёти тоҷик»-и С. Айнӣ Назмии Бухорои ҳамчун шоири хуштабъ ва хушбаён ёд мешавад. Дар маҳфилҳои адабӣ ва мушоираҳое, ки Садри Зиё ташкил мекард, ӯ фаъолона иштирок менамуд. Тахаллуси шоириаш …

Муфассал »

Назми бадахшонӣ

2

Назми бадахшонӣ (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоири асри 18 тоҷик. Дар яке аз деҳаҳои Шуғнон таваллуд ёфтааст. Аз осори ӯ бармеояд, ки шоир рӯзгори сахте дошта, дар ғурбату оворагӣ, дур аз ватан умр ба cap мебурдааст. Аз Назмии Бадахшонӣ баёзе, ки аксари шеърҳои дар он ҷамъоваришуда ба ӯ дахл …

Муфассал »

Назми сарбозӣ

2

Назми сарбозӣ, як навъи назми фолклорӣ ва адабиёти хаттии халқи тоҷик аст, ки зимни ба вуҷуд омадани хизмати сарбозӣ пайдо шудааст. Пайдоиши аксари навъҳои Назми сарбозӣ (рубоиҳо, дубайтиҳо, байт-ҳо, ғазалу мухаммасҳо) ба давраи сарбозгирии ҳукумати Бухоро мансуб аст. Гӯяндагони Назми сарбозӣ модару хоҳар, падару бародар, маҳбуба ва дигар хешовандони сарбозҳо …

Муфассал »

Назм

2

Назм (ар. —ба ҳам пайвастан, ба ришта кашидани ҷавоҳир), сухане, ки бар хилофи наср бо вазну кофия гуфта шудааст. Адабиёт ба маънии аслӣ аз ибтидо чун Назм (каломи манзум) ба вуҷуд омадааст. Аксари навъҳои адабии адабиёти қадиму асримиёнагии тоҷик ва халқҳои дигари Шарқ адабиёти давраҳои ати­қа, асрҳои миёна, Эҳё ва …

Муфассал »