Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Назмии Истаравшанӣ Саидмаҳмудхон

Назмии Истаравшанӣ Саидмаҳмудхон

Назмии Истаравшанӣ Саидмаҳмудхон (1827, Ӯротеппа —1892/1893, ҳамон қо), шоири тоҷик. Падари Зуфархони Ҷавҳарӣ ва бобои Суҳайлӣ  Ҷавҳаризода. Айёми кӯдаки ва ҷавониашро дар зодгоҳаш гузаронида- аст. Дар Бухоро таҳсили илм кар­дааст. Баъд аз хатми Мадраса Назмии Истарафшанӣ дар зодгоҳаш муддате мударрис, баъдтар муфтӣ ва сипас қозӣ шудааст.

Назмии Истарафшанӣ ҳамчун шахси фозилу донишманд ва шоири хушбаёну бомаҳорат шуҳрат ёфта, сазовори эҳтироми хосу ом будааст. Аз мероси адабии Назмии Истаравшанӣ то имрӯз чанде ғазал ва абёти пароканда дар тазкираву баёзҳо боқӣ мондааст. Ғазалҳояш содда ва равону дилнишинанд. Дар зимни ғазалиёти ишқӣ Назмии Истарафшанӣ ба масъалаҳои сиёсию иҷтимоӣ, ахлоқӣ ва ғайра дахл карда, нуқсонҳои ҷамъияти онрӯза, шахсони пастфитрату ҳасудро фош менамояд.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …