Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

Накҳат Комилхоҷа

2

Накҳат Комилхоҷа (1814, Истравшан — 1831), шоири тоҷик. Аз оилаи шоир ва мударрис Олимхоҷаи Ҳотифии Истаравшанӣ. То 8-солагӣ дар назди падару модараш савод омӯхта, баъд таҳсилро дар мадрасаи Кӯкалтош идома дод. Сарфу наҳви арабӣ, забони туркиро ба хубӣ медонист. Ҳангоми таҳсил ба шеъргӯӣ оғоз намудааст. Ҷавони хушзеҳн, соҳиби қувваи ҳофизаи …

Муфассал »

Накӯии Бухороӣ

Накӯии Бухороӣ Мавлоно (соли таввалуд ва вафоташ номаълум), шоири асри 16 тоҷик. Доир ба ҳаёту эҷодиёташ маълумоти кофие дастрас нест. Накӯии Бухороӣ аз муосирани Мушфиқӣ буда, бо ӯ мутоиба мекард. Мувофиқи маълумоти тазкиранависон дар навъҳои гуногуни шеърӣ қувва санқидааст. Девонаш то замо­ни мо нарасидааст. Намунаҳои ашъораш дар тазкираву баёзҳо мавҷуданд.

Муфассал »

Накисои Чангӣ

Накисои чангӣ (соли таввллуд ва вафоташ номаълум), бастакор ва навозандаи асрҳои 6—7 форс-тоҷик. Дар навохтани чанг истеъдоди фав­қулода дошта, бинобар ҳамин лақаби Чангӣ гирифтааст. Яке аз таснифоти ӯ «Зангона» (ё зангиёна) машҳур аст, ки аз оҳангҳои дилпазири маросимӣ ба ҳисоб меравад.

Муфассал »

Найқалам

2

Найқалам воситаи китобатро гӯянд, ки аа замонҳои қадим байни мардуми машриқзамин, аз ҷумла тоҷикон маълум буд. Онро аз наи сахт тарошида, барои навиштан истифода мебурданд. Ручкаҳои ҳозира Найшқаламро аз истифода бароварданд.

Муфассал »

Найшакар

2

Найшакар (Saccharum), ҷинси растаниҳои бисёрсолаи қанддорест аз оилаи хушаиҳо. Пояаш рости ба­ланд (то 6 м). Туғаш ва шохчаҳояш банддор, хушачаҳо­яш бо мӯякҳои дароз ва гулҳои дуҷинса фаро гирифта шудааст. 5 на- муди Найшакар маълум аст: Найшакари асил (S. officinarum, ниг. расм) дар мамлакатҳои тропикӣ парвариш мешавад; Найшакари б а р …

Муфассал »