Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Накҳат Комилхоҷа

Накҳат Комилхоҷа

Накҳат Комилхоҷа (1814, Истравшан — 1831), шоири тоҷик. Аз оилаи шоир ва мударрис Олимхоҷаи Ҳотифии Истаравшанӣ. То 8-солагӣ дар назди падару модараш савод омӯхта, баъд таҳсилро дар мадрасаи Кӯкалтош идома дод. Сарфу наҳви арабӣ, забони туркиро ба хубӣ медонист. Ҳангоми таҳсил ба шеъргӯӣ оғоз намудааст. Ҷавони хушзеҳн, соҳиби қувваи ҳофизаи баланде буд. Ашъори пурмазмунаш дар байни аҳли адаб машҳур гардиданд, вале марги бемаҳал ӯро дар синни шонздаҳ дар айни ҷӯшу хурӯши эҷодӣ аз байн рабуд. Тазкиранависони асри 19 Возеҳ, Садри Зиё, Мирсиддиқи Ҳашмат ба эҷодиёти Накҳат баҳои ба­ланд додаанд. С. Айнӣ дар «Намунаи адабиёти тоҷик» менависад; «Алҳақ ба ин синну сол ин гуна иқтидор шоёни истеҳсон (таҳсин) аст ва ин ранг марги бемаҳал сазовори ҳазор нолаву афғон». Ашъори Накҳат тавассути тазкираву баёзҳои асрҳои 19—20 то замони мо боқӣ мондааст.

Накҳат шоири лирики ғазалсаро, вассофи пурмаҳорати ишқу ошиқӣ, ҳусни ҷа­моли маъшуқа, дарду ҳиҷрони ошиқ мебошад. Дар ғазалҳояш инчунин андешаҳои фалсафӣ, афкори пандуахлоқӣ мавқеи муҳим доранд. Аз санъатҳои бадеии лафзиву маънавӣ — ташбеҳу талмеҳ, тавсиф, кивояву маҷоз истифода карда, бо забони соддаву равон ва сабку услуби хосе эҷод намудааст.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …