Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

Наср Ибни Сайёр

Наср Ибни Сайёр (соли таваллуд ва вафот номаълум), яке аз ҳокимони араб дар вилояти Хуро­сон. Наср ибни Сайёр ҳокими Хуросон (738) таъин шуда, то соли 748 барои мустаҳкам намудани ҳокимияти Умавиён кӯшид. С-олҳои 738—741 дар музофотҳои миёноби дарёҳои Ому ва Зарафшон, дар Чоч (Тошкент), Фороб ва Фарғона ҷангида, медалҳои ба …

Муфассал »

Наср Ибни Мухаммад ибни Аҳмад

Наср Ибни Мухаммад ибни Аҳмад ибни Иброҳим Абулайси Самарқандӣ (соли таваллуд номаълум — вафот 1003, Самарқанд), фақуҳи маъруфи форс-тоҷик. Дар давраи илмию адабии Самарқанд ба камол расид. Асарҳои машҳури ӯ: «Хизонат-ул-фиқҳ» («Хазинаи фиқҳ»), «Тафсил-ул-Қуръон» («Тафсили Қуръон») иборат аз 4 ҷилд, «Ан-навозил» («Воқеот») оид ба фатво, «Китобу мухталиф-ир-ривоя» («Китоби ривоятҳои гуногун»), …

Муфассал »

Наср Ибни Аҳмад ибни Исмоил

Наср Ибни Аҳмад  ибни Исмоил (Насри II, соли таваллуд тахминан 906 — вафот 943), ҳокими давлати Со­мониён. Азбаски Наср ибни Аҳмад ҳанӯз ноболиғ буд, давлатро аз номи ӯ аввал вазир Абӯабдуллоҳи Ҷайҳонӣ, сони вазир Абулфазли Балъамӣ идора мекарданд. Дар ин давра барои тахту тоҷ дар байни аъзоёни сулолаи Со­мониён задухӯрдҳои …

Муфассал »

Наср Ибни Аҳмад

Наср Ибни Аҳмад Ибни Асади Сомонӣ (Насри I, соли таваллуд номаълум — вафот 893), саромади сулолаи Сомониён, ҳокими Самарқанд (864—892). Ӯ дар соҳили дарёи Нодир дар шаҳри Ҳайлам таваллуд ёфтааст. Халқи Бухоро бар зидди зулми Ху­сайн ибни Тоҳир (бародари ҳокими Хуросон — Муҳаммад ибни Тоҳир), ки соли 874 ба Бухоро …

Муфассал »

Асари Наср

2

Наср (ар. — каломи ғайриманзум, сухани пошида), яке аз ду навъи асари адабист, ки бе вазну қофия навишта мешавад. Дар гузашта Насри бадеӣ аз навъҳои Насри илмӣ фарқи куллӣ надошт. Хусусияти асосии шакли зоҳирии Наср мутобиқати он ба қонуну қоидаҳои забони гуфтугӯист. Наср ва назм шаклан аз якдигар фарқ мекунанд, …

Муфассал »