Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

Номукаллафӣ

0

Номукаллафӣ, дар ҳуқуқи ҷиноятӣ ҳолати рӯҳие, ки дар он шахс ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида намешавад. Дар СССР барои муайян  намудани ҳолати Номукаллафӣ дар қонуни ҷиноятӣ меъёри юридикӣ ва тиббӣ истифода мешавад. Барои шахсеро номукаллаф ҳисобидан сабаби бемории рӯҳии вайро муайян кардан зарур аст. Агар экспертизаи судии психологӣ муайян кунад, ки …

Муфассал »

Номография

0

Номография (аз юн. nomos—қонун ва …графия), фасли математика аст, ки назария ва усулҳои амалии сохтани номограммаҳоро меомӯзад. Хусусияти номограмма аз он иборат аст, ки ҳар як нақша соҳаи додашудаи дигаргуншавии тағйирёбандаро ифода мекунад ва ҳар як қимати тағйирёбандаҳо дар он соҳа дар но­мограмма бо элементи геометрии муайян (нуқта ё хат) …

Муфассал »

Номограмма

0

Номограмма (аз юн. nomos — қонун ва gramma—хат, ҳарф, имло), нақшаест, ки тасвири махсуси вобастагии функсионалӣ мебошад (ниг. номография). Асосан чун воситаи ҳисоб дар муосиботи инженерӣ ис­тифода мешавад.

Муфассал »

Номинализм

0

Номинализм (лот. nominalis — мансуб ба номҳо, номдор, аз nomen— ном), ҷараёни фалсафаи асримиёнагӣ, ки мафҳумҳои умумиро фақат маҳсули номи предметҳои алоҳида медонист. Номинализм таърихи қадим дорад. Антисфен ва Диогени Синопӣ ҳамчун мухолифони Афлотун намояндагони Номинализм буданд. Дар ибтидои асрҳои миёна Номинализм чун эътироз бар зидди минтиқаи маънавии навафлотуния пайдо …

Муфассал »

Номинал

0

Номинал (лот. nominalis — номдор, аз nomen — ном), 1) арзиши нишондодашуда, ки дар коғазҳои қиматнок (аксияҳо, облигатсияҳо ва ғайра), пули коғазӣ ва танга ифода ёфтааст. Қурби коғазҳои қиматнок ба Номинал на ҳама вақт мувофиқ мешавад; 2) нархи нишоп дода шудаи мол, ки дар прейскурант ё худи мол ифода ёфта­аст; …

Муфассал »