Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Номинал

Номинал

Номинал (лот. nominalis — номдор, аз nomen — ном), 1) арзиши нишондодашуда, ки дар коғазҳои қиматнок (аксияҳо, облигатсияҳо ва ғайра), пули коғазӣ ва танга ифода ёфтааст. Қурби коғазҳои қиматнок ба Номинал на ҳама вақт мувофиқ мешавад; 2) нархи нишоп дода шудаи мол, ки дар прейскурант ё худи мол ифода ёфта­аст; 3) Номинали китоб нархи чаканафурӯши, ки дар китоб, нота ва маҳсулоти даврагии матбаа, инчунин дар харитаҳои географӣ ва ғайра ифода ёф­тааст. Дар СССР бузургии Номинал ба ҳаҷми пашрия, нархи ҷузъи чопӣ ва ғайра вобаста аст. Маҳсулоти матбаа нар­хи ягонаи чакана дорад. Дар мамлакатҳои капиталистӣ нархи чакана барои бештар фоида бардоштан хизмат мекунад.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …