Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

Нурӣ Закӣ

0

Нурӣ Закӣ (ном ва фамиляаш Закӣ Шарафутдинович Нуритдинов; таваллудаш 24. 12. 1921, деҳаи Татарские Тюки, ҳозира райони Буини РАСС Тот.), шоири советии тотористон.  Узви КПСС аз соли 1948. Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941—1945) сардори разведкаи отряди партизании К. Заслонов (1910—1942) буд. Солҳои 1949—1955 дар матбуот кор кардааст. Асарҳояш аз соли …

Муфассал »

Нурулҳақи Баҳрин

Нурулҳақи Баҳрин ибни Абдулҳай ибни Мавлоно Абдулқаҳҳор (тақрибан 1860, деҳаи Сангевни Қалъаихум — 1915, ҳамон ҷо), шоири тоҷик. Маълумоти ибтидоиро дар назди падар ва Маҳдуми Аълам ном ҳамдеҳааш гирифт. Дар 21-солагӣ ба Бухоро рафта 10 сол дар мадрасаи Кӯкалтош таҳсил кардааст. Пас аз таҳсил ба зодгоҳаш баргашта, масҷиди кӯҳнаеро обод …

Муфассал »

Нуруллоҳи Шуштарӣ

Нуруллоҳи Шуштарӣ Амир (соли таваллудаш номаълум — вафоташ 1611), насрнавис ва шоири форс-тоҷик. Нуруллоҳи Шуштарӣ  яке аз бузургони Шуштар буда, дар замони Акбар ба Ҳиндустон рафта, дар Лоҳур ба мансаби қозигӣ расидааст. Нуруллоҳи Шуштарӣ бо унвони «Манолис-ул-мӯъминин» ва «Аҳқоқ-ул-ҳақ» ду асар навиштааст. Ӯ дар шеър Нурӣ тахаллус мекардааст ва ғазалро …

Муфассал »

Нуруддини Насавии Муншӣ

Нуруддини Насавии Муншӣ Муҳаммад ибни Аҳмад ибни Алӣ ибни Муҳаммади Зайдарй ё Харандазӣ (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), насрнавис ва шоири асри 12 форс-тоҷик. Баъд аз касби камол соҳиби девони иншои Ҷамолуддини Хоразмшоҳ гардида, дар сафарҳои вай ҳамроҳӣ карда, саргузаштҳои ӯро дар китобҳояш шард додааст. Аз ӯ ду асар боқист, …

Муфассал »

Нуруддини Ибни Абдураҳмон

0

Нуруддини Ибни Абдураҳмон Ибин Абдулқодири Гӯянда (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), мусиқишинос, навозанда ва бастакори асри 15 форс-тоҷик. Писари Абдулқодири Гӯянда (Мароғӣ). Дар Исфаҳон таваллуд ёфта, дар Истамбул вафот кардааст. Мусиқиро аз падараш омӯхтааст. Дар санъати сарояндагй, навозандагй ва назарияи мусиқи истеъдоди фавқулодда дошта, асарҳои зиёде эҷод кардааст. Падараш асари …

Муфассал »