Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

Облоқулов Баёнқул

Облоқулов Баёнқул (таваллуд 15. 3. 1939, деҳаи Моғиёни pайони Панҷакенти вилояти Ленинобод), сароянда ва ҳофизи тоҷик, Ҳофизи Халқии РСС Тоҷикистон (1978). Аз оилаи деҳқон. Соли 1962 пас аз хатми Омӯзишгоҳи мусиқии ба номи Содирхони Ҳофиз (ш. Ленинобод) дар Театри халқии ш. Панҷакент вазифаи роҳбари бадеиро адо менамуд. Соли 1963 директори …

Муфассал »

Облигасия

0

Облигасия (аз лотинӣ Obligatio — ӯҳдадорӣ), коғази қимматнок, ки соҳибаш ҳуқуқ дорад вобаста ба қиммати он ба шакли фоиз даромад ги­рад. Муассиса ё шахсе, ки Обласияроро мебарорад, ӯҳдадор мешавад, ки пас аз мурури вақти муайян Облигасияро боз харида гирад, ғайр аз ин дар муддати амали Облигасия соҳиби он ба шакли …

Муфассал »

Обкома

0

Обкома (оби матлуб, оби гуворо), моеъеро гӯянд, ки нӯшиданаш гуворо аст. Обкомаро аз чизҳои гуногуни турш ҳосил мекунанд.

Муфассал »

Обкашак

0

Обкашак, мошини оббарор, мошикн ва механизмҳоест, ки барои интиқоли моеот, асосан об хизмат мекунанд. Обкашак моеъро асосан аз ҳисоби тағйири қувваи потенсиалии он мебарорад. Обкашакҳои содда, манҷаниқ ва ғарғара аз чоҳҳо об мекашанд. Обкашакҳои нисбатан мураккаб, аз ҷумла винти Архимед, чархи оббарор, нория ва ғайра ба миқдори зиёд ва муттасил …

Муфассал »

Обишифо

0

Обишифо, оби минералиест, ки 23 километр ғарбтари шаҳри  Исфара (вилояти Ленинободи РСС Тоҷикистон ) аз пармачоҳ ҷорӣ мешавад. Он аз қабатҳои олой ва бухорои давраи палеоген аа чуқуриҳои 400—450 метр ва 1430—1460 метр мебарояд. Оби пармачоҳ ғарм (19— 27° Селсия), таркибаш аз гидрогенсулфид (370—560 миллиграмм/литр), намаки бор (128 грамм/литр), намаки …

Муфассал »