Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Облоқулов Баёнқул

Облоқулов Баёнқул

Облоқулов Баёнқул (таваллуд 15. 3. 1939, деҳаи Моғиёни pайони Панҷакенти вилояти Ленинобод), сароянда ва ҳофизи тоҷик, Ҳофизи Халқии РСС Тоҷикистон (1978). Аз оилаи деҳқон. Соли 1962 пас аз хатми Омӯзишгоҳи мусиқии ба номи Содирхони Ҳофиз (ш. Ленинобод) дар Театри халқии ш. Панҷакент вазифаи роҳбари бадеиро адо менамуд. Соли 1963 директори мактаби мусиқии ш. Панҷакент. Солҳои 1964— 75 директори Хо­наи маданият ва аз 1975 роҳбари мусиқии Театри халқии шаҳри Панҷакент.

Облоқулов дастаи навозандагони театрро сарварӣ намуда, яке аз солистони беҳтарин ба шумор меравад. Дар иҷрои сурудҳои классикии «Шашмақом» ва халқӣ маҳорат дорад. Облоқулов инчунин дар як қатор песаҳо ролҳои асосиро иҷро мекунад: Тошбек («Тошбек ва Гул- қурбон»-и Мирсаид Миршакар), Саид («Субҳи саҳро-и Раҳим Ҷалил), Ғаниҷон («Гавҳари шабчароғ»-и Сотим Улуғзода) ва ғайра. Бо Грамотаи Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …