Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

Обутоб

0

Обутоб, коркарди термикии ма­териалҳоро гӯянд, ки аз тафсондану якбора сардонидани модда иборат аст. Фақат ҳамон моддаҳоро Обутоб до­дан мумкин аст, ки ҳолати мувозинаташон (масалан, сохти кристаллиашон) дар ҳарорати баланд аз ҳолати мувозинат дар ҳарорати паст фарқ до­рад. Масалан, Обутоби пӯлод дар сохти он структураи мартенсит ба вуҷуд меорад, ки ба …

Муфассал »

Обуна

0

Обуна, пешакӣ ғун кардани заказҳо ба асарҳои чопшуда — матбуоти даврӣ (газета, журналҳо), нашри китобҳои бисёрҷилда ва ғайра. Обуна ба­рои дуруст муайян кардани адади нашр имкон медиҳад. Дар СССР Обуна ба газета, журналҳо дар шуъбаҳои алоқаи почта, корхона, муассисаҳо ва ғайра ба китобҳои нашрӣ дар магазинҳои китоб гузаронида меша­вад.

Муфассал »

Обу ҳаво

0

Обу ҳаво, ҳолати атмосфераи ягон мавзеъ дар лаҳзаи муайян ё дар ягон фосилаи вақт (шаборӯз, моҳ, сол). Режими бисёрсолаи Обу ҳаворо иқлим меноманд. Обу ҳаво бо унсурҳои метеорологӣ: фишор, ҳарорат, намии ҳаво, қувва ва самти шамол, абрнокӣ (давомати фаҷри офтобӣ), боришоти атмосферӣ, дурна- моӣ, зуҳуроти туман, буроӣ, раъду барқ ва …

Муфассал »

Обтақсимкунак

0

Обтақсимкунак 1) иншоотест барои тақсим кардани оби канали калон байни каналҳои хурде, ки он аз оҳану бетон, баъзан аз хишт, санг сохта мешавад. Барои танзими гузариши об аз канали калон ба хурд даҳанаи Обтақсимкунакро бо ғалақа мепӯшонанд (нигаред Шабакаи обёрӣ); 2) дар география, нигаред Бахшгоҳ.

Муфассал »

Обтарозу

0

Обтарозу, асбобест барои тафтиши уфуқии хатҳою сатҳҳо ва чен кардани кунҷҳои хурд. Қисми асо­сии Обтарозу ампулаи шишагиест, ки аз спирт ё эфир пур шудааст ва ҳубобчаи газ дорад. Обтарозу ҷузъи муҳимми асбобу афзори геодезӣ, астрономӣ, фи­зикӣ ва ғайра мебошад ва барои нивелиронӣ, муайян кардани кунҷҳои тамоюли меҳварҳои уфуқӣ, ба ҳи­соб …

Муфассал »