Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

РИХТЕР Андрей Александрович

РИХТЕР Андрей Александровнч (15. 8. 1871, деҳаи Куровски ҳозира райони Калугаи вилояти Калуга —2. 4. 1947, Москва), олими советӣ дар соҳаи физиологияи растаниҳо, академияи Академияи Фанҳои Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР (1932; аъзо-корреспондент 1929) ва Всесоюзная Академия Сельскохозяйственных Наук Имени Ленина ВАСХНИЛ (1935). Баъди хатми Университети …

Муфассал »

РИХМАН Георг Вилгелм

РИХМАН Георг Вилгелм (22. 7. 1711, Пярну, ҳозира Республикаи Советии Сотсиалистии Эстотния— 6.. 8. 1753, Петербург), физики рус, академик Академияи Фанҳои Петербург (1741). Дар университетҳои Галле ва Йена таҳсил кардааст. Солҳои 1735—40 донишҷӯи «синфи физика»-и Академияи Фанҳои Петербург буд. Аз 1740 адютант, аз соли 1741 профессор. Аз соли 1744 мудири …

Муфассал »

РИФҲО

РИФҲО, риф, халқи барбар, ки дар ноҳияи кӯҳии Рим (Марокаши Шимолӣ) маскун аст. Шумораашон тақрибан 900 ҳазор нафар (1978). Забонашон ба гурӯҳи забонҳои барбарӣ мансуб аст. Аксарият дузабона буда, ба забони арабӣ низ гап мезананд. Диндорон мусулмонони суннианд. Машғулияти асосиашон деҳқонист (ғаллакорӣ, ҷуворкмаккапарварӣ ва ғайра). Рифҳо солҳои 1921—26 зидди мустамликадорони …

Муфассал »

РИФЪАТӢ Авазмуҳаммадхони Қубодиёнӣ

РИФЪАТӢ Авазмуҳаммадхони Қубодиёнӣ (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири тоҷик (асри 16).’ Аввал дар Балх, сипас дар Қундузи Афғонистон касби камол кардааст. Шоири хушсухану баландтабъ ва дар ғазал ҳунарманд будааст. Тазкиранависон ба ғазалиёти Рифъатӣ баҳои баланд додаанд.

Муфассал »

РИФЕЙ

РИФЕЙ (аз лотинӣ— кӯҳҳои Рифей; баъзан географҳои қадим кӯҳҳои Уралро ҳамин тавр меномиданд), маҷмӯи таҳнишастҳои токембрийи боло (синни мутлақаш 1650—570 миллион сол), ки дар Урал вусъат ёфтааст. Дар таркиби Рифей 4 қисми асосӣ мавҷуд аст, ки ҳар кадоме бо системаҳои геологӣ (ё фитемаҳо) мувофиқат мекунад: қисми поён (1650—1400 миллион сол), …

Муфассал »