Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

Пастереллёз

Пастереллёз, септисемияи геморрагӣ, касалии сироятии ҳайвонот ва одам, ки бо септисемия ва илтиҳоби пардаи луобии роҳи нафас ва рудаҳо, инчунин варами шуш ва ғайра зоҳир мешавад. Бактерияҳо (пастереллаҳо) меангезанд. Манбаи ангезандаи Пастереллёз— ҳайвоноти касал. Ҳарорати ҳайвони касал баланд, камиштиҳо, набзу нафасгириаш тез ме­шавад; ҳангоми осеби сахти узвҳои нафас аз бинӣ …

Муфассал »

Пастереллаҳо

pasterallaho

Пастереллаҳо (ба шарафи Л. Пастер номида шудаанд), як ҷинси бактерияҳои иллатангезро гӯянд, ки барангезандаи амрози си­роятии одам ва ҳайвонот мебошанд, масалан. пастереллёз; анаэробҳо (ба­рои сабзиши онҳо оксиген лозим нест), чӯбчашаклу беҳаракатанд. Ҳарорати оптималии сабзиши Пастереллаҳо 37°С аст. Pasterelle pestis барангезандан тоуни одам ва баъзе хояндаҳо мебошад.

Муфассал »

Пастел

pastel

Пастел (италявӣ Pasta — хамир), расме, ки бо қаламҳои мулоиму ран­гаи луч (беғилоф) кашидаанд. Пастел аз омехтаи пигментҳои суда бо шилм, шир, баъзан бӯр, гаҷ, сафедии пӯкка тайёр мешавад. Чунин расмҳоро дар коғазҳои шахшӯли муқаррарию ранга, картон, лавҳаи карбосӣ ва ғайра бо қалами Пастел мекашанд. Бо раҳҳо иҷро шудани амал …

Муфассал »

Пастбаҷув

pastbajuv

Пастбаҷув, деҳаест дар Совети қишлоқи Пастхуф, pайони Рушони Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ. Территорияи совхози «Рушон». Аз Пастбаҷув то маркази Совети қишлоқ 8 километр, то район 22 километр; роҳ ас- фалтпӯш. Аҳолиаш 270 нафар. (1981), тоҷикон. Деҳа мактаби 8-сола, клуб, китобхона, шуъбаи алоқа, пункти тиббӣ ва магазин дорад. Соҳаи асо­сии хоҷагӣ …

Муфассал »

Пастарик

pastarik

Пастарик, деҳаест дар Совети посёлкаи Куйбишеви pайони Коммунистӣ, вилояти Қурғонтеппа. Территорияи Совхоз-техникуми ба номи В. В. Куйбишев. Аз Пастариқ то маркази Совети посёлка 10 километр, то район 15 километр; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 475 нафар. (1981), асосан тоҷикон. Деҳа мактаби ибтидоӣ ва магазин дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ пахта ва ғаллакорист. Заминҳо …

Муфассал »