Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

Персонаж

personaj

Персонаж (франс. Реrssonage, аз лот. реrsona — шахс, симо), иштирокчии пиеса (спектакл), сена­рия (кинофилм), роман ва дигар асар­ҳои бадеӣ.

Муфассал »

Персефона

persefona

Персефона, Кора, дар асотири Юнони Қадим олиҳаи фаровонҳосилӣ ва олами зеризаминист. Духтари Деметра ва Зевс. Байни римиён бо номи Прозерпина маълум аст.

Муфассал »

Персей

persey

Персей (лот. Реrseus), бурҷест дар Нимкураи шимолии осмон. Дар адабиёти астрономияи асримиёвагии Шарқ бо номи Бареовус, Томили Раъси Ғул машҳур аст. Мирфақ ва Алғут аз муниртарин ситораҳои онанд. Дар Персей ду тарокуми мансураи ситораҳо воқеъ гаштаанд, ки бо чашм дидан мумкнн аст. Моҳҳои октябр-декабр нағз мушоҳида мешавад. Ниг. Ос­мон.

Муфассал »

Персей

persey

Персей, дар асотири Юнони Қадим қахрамон, писари Даная ва худо Зевс. Бино ба шаҳодати асотири юнонӣ ба шоҳи Аргос Акрисий пешгӯӣ кардаанд, ки ӯ бо дасти наберааш Персей кушта хоҳад шуд. Бинобар он Акрисий амр кардааст, ки Персейро бо модараш дар сандуқ андохта ба баҳр партоянд. Даная ва Персейро моҳигирон …

Муфассал »

Персеитҳо

perseitho

Персеитҳо, сели метеор (шиҳоб), кя радианташ дар бурҷи Персей воқеъ аст. Аз 25 июл то 20 август мушоҳида мешавад. Бо кометаи 1862 III алоқаманд аст. Персеиҳо аввалин сели метеорҳост, ки алоқамандии он бо комета муайян шудааст (Ҷ. Скиапа­релли, 1866). Персеитҳо яке аз селҳои метеории фаъолест, ки визуалӣ ё бо усули …

Муфассал »