Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

БОЗХОНД

bank

БОЗХОНД, дар ҳуқуқи меҳнат аз рухсатии меҳнатӣ бозхондани корманд аст.   Тибқи талаботи қисми 2 моддаи 96 Кодекси меҳнати Тоҷикистон Бозхонди корманд аз рухсатӣ танҳо бо розигии ӯ имконпазир аст. Зеро рухсатии ҳарсолаи пардохташаванда барои истироҳат, барқарор наму­дани қобилияти меҳнатӣ дода мешавад, бинобар ин қонунгузор имконнопазир будани Бозхонди кормандро бе гирифтани …

Муфассал »

БОЗУБАНД

bozuband

БОЗУБАНД, маснуоти ороишии заргарӣ, дастбанди ҳалқашакли зинатӣ, ки заргарон аз тило, нуқра, мис ва дигар ашёи гаронбаҳо дар шакли давра месозанд ва онро занон (бештар) ва мардон ба гардан ё бозу меовезанд. Дар замонҳои пеш ҳар чизи ҳалқашакли ороишёфта ва беороишро, ки дар бозу бас­та шавад, Бозубанд меномиданд. Бозубанди занон …

Муфассал »

БОЗТАМВИЛ

mablagguzori

БОЗТАМВИЛ дар бонкдорӣ, маблағгузории такрорӣ, 1) аз тарафи муассисоти қарздиҳанда ҷалб наму¬дани вомҳои байнибонкӣ ё қарзҳои бонки марказӣ барои истиқрози бонк. 2) Ҷуброни пурра ё қисми вомҳо аз ҳисоби қарзҳои нав. 3) Бозтамвили коғазҳои қиматнок нашри нави коғазҳои қиматнокест барои иваз ё бозпардохт кардани коғазҳои қиматноке, ки қаблан дар муомила …

Муфассал »

БОЗСОЗӢ

bozsozi

БОЗСОЗӢ, номи умумии ислоҳот, идеологияи нав ва сиёсати роҳбарияти Ҳизби Коммунисти Иттиҳоди Шуравӣ (ҲКИШ) ва ИҶШС, ки мақсади асосии он навсозии амиқи тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти мамлакат, дар заминаи ташкили нави меҳнати ҷамъиятӣ равнақ додани корҳои хоҷагии халқ ва ҳарҷониба ошкор кардани моҳияти инсондӯстонаи ҷамъиятӣ дар соҳаи иқтисодиёт, ҳаёти иҷтимоию сиёсӣ …

Муфассал »

БОЗРАСӢ

pravo

БОЗРАСӢ, дар ҳуқуқ низоми азназаргузаронӣ ва назорат (дидбонӣ, нигаҳбонӣ)-и дурусти амали мақомоти зертобеъ ва ашхос; инчунин шакли махсуси мақомоти идоракунии давлатӣ, ки аз тарафи давлат барои зери назорат (дидбонӣ, нигаҳбонӣ) шрифтами иҷрои қоидаҳои барои соҳаҳои муайян муқарраршуда (масалан, Бозрасии бехатарии ҳаракати роҳ, Бозрасии санитарию эпидемиологӣ, Бозрасии бехатарии оташнишонӣ, Бозрасии андоз …

Муфассал »