Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

БОЛТ

bolt

БОЛТ (олмонӣ bolte), ҷузъи насбии устувонашакл, ки як нӯги он сарак ва нӯги дигараш печ дошта, барои пайваст кардани қисмҳои ҷудогонаи мошину таҷҳизот истифода мешавад. Саракҳои Болт хеле гуногунанд: 1) шашрӯя, 2) мураббаъ, 3) нимгирд, 4) дугӯша, 5) ҳалқадор, 6) устувонашакл, 7) ниҳон, 8) нимниҳон ва ғайра. Болт аз сарак …

Муфассал »

БОЛСМАН Людвиг

boltzmann

БОЛСМАН Людвиг (20.2.1844, Вена – 5.9.1906, Дуино), физикдон-назарияпардози австриягӣ, яке аз асосгузорони физикаи оморӣ ва кинетикаи физикӣ. Узви АИ Вена (1895) ва бисёр академияҳои ҷаҳон. Хатмкардаи Университети Вена (1866). Профессор физикаи назариявии Университети Грате (1869— 73), профессор риёзиёти Университети Вена (1873-76), профессор физикаи таҷрибавии Университети Грате (1876— 89). Солҳои 1889-1902 …

Муфассал »

БОЛСАНО Бернард

bolzano

БОЛСАНО Бернард (5.10.1781-18.12.1848, Прага), риёзидон, файласуф ва геологи чех. Университети Карловро дар Пра­га хатм кардааст (факултаи фалсафаро соли 1800, факултети геологияро соли 1805). Солҳои 1805-20 мудири кафедраи таъ­рихи дини ҳамин университет буд. Сипас, барои озодфикрӣ аз вазифа сабукдӯш гардид ва ба­рои таҳқиқи муаммоҳои риёзиёт ва мантиқ вақт пайдо кард. Дар …

Муфассал »

БОЛОШАҲР

boloshahr

БОЛОШАҲР, деҳа дар ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Рӯдакӣ. Аз Болошаҳр то маркази ноҳия 24 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 1824 нафар (2013), тоҷикон. Мактаби таҳсилоти ибтидоӣ, дорухона, бунгоҳи тиббӣ ва 2 нуқтаи савдои хусусӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: боғдорӣ, кишоварзӣ ва чорводорӣ. Заминҳо аз наҳри Роҳатӣ обёрӣ мешаванд.

Муфассал »

БОЛОШАҲР

rasht

БОЛОШАҲР, деҳа дар ҷамоати деҳоти Оби Меҳнати ноҳияи Рашт. Аз Болошаҳр то маркази ноҳия 24 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 235 нафар (2013). Нуқтаи савдои хусусӣ, чойхона-фароғатгоҳ, мактаби таҳсилоти умумии ибтидоӣ дорад. Хонандагон таҳсили минбаъдаро дар мактаби таҳсилоти умумии асосии деҳаи Шоле ва мактаб-интернати маркази ноҳия идома медиҳанд. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: …

Муфассал »