Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

БОРИ ШАБАКАИ ЭЛЕКТРОЭНЕРГЕТИКӢ

shabaka-elektriki

БОРИ ШАБАКАИ ЭЛЕКТРОЭНЕРГЕТИКӢ, иқтидори электрикие, ки аз ҳосили ҷамъи иқтидори сарфкардаи ҳамаи қабулгарҳо (истеъмолкунандаҳо)-и энергияи электрикии ба шабакаҳои тақсимотии силсила (система) пайвастшуда ва иқтидори барои ҷуброни талафоти энергияи дар ҳамаи қисмҳои шабакаи электрикӣ (трансформаторҳо, табдилдеҳҳо, хатҳои интиқоли қувваи барқ ва ғайра) сарфшаванда иборат аст. Дар шабака вобаста ба вақт тағйир …

Муфассал »

БОРИ АМОНАТ

kuron

БОРИ АМОНАТ амонати раббонӣ, амо­нати рубубият, истеъдоди фитрӣ ва худодод, ки одамӣ ба туфайли он ба мартабаи баланди камолот, аз ҷумла шинохт ва дӯстии Худованд расад. Манбаи Бори амонат «ояти амонат» (Қуръон: 33:72) ба шумор меравад: «Мо ин амонатро бар осмонҳо ва замин ва кӯҳҳо арза доштем, пас аз бардошти …

Муфассал »

БОРЗУНОВ Олег

images

БОРЗУНОВ Олег (таваллуд 1964, Хуҷанд), варзишгар, велосипедрон, чемпиони Тоҷикистон, Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҷаҳон миёни наврасон оид ба велосипедронӣ дар масо­фаи кӯтоҳ. Устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ. Тамринро дар назди мураббии шинохтаи соҳа В. Стойка оғоз намудааст. Баъд чанд муддат таҳти сарпарастии Устоди фахрии варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ 3. Абдуҷамилов машқ карда, барои …

Муфассал »

БОРЗОВ Валерий Филиппович

borzov-valeriy

БОРЗОВ Валерий Филиппович (20.10.1949), варзишгари украин (варзиши сабук), Устоди хидматнишоидодаи варзиши ИҶШС (1970). Чемпиони бисёркаратаи Иттиҳоди Шӯравӣ ва Аврупо (1969-77), чемпиони Бозиҳои олимпӣ (1972) дар давидан ба масофаи 100 ва 200 м. Рекордсмени ИҶШС ва Аврупо (1970-75). Президента Кумитаи олимпии Украина (1997-1998). Аз соли 1998 раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши …

Муфассал »

БОРЗАД

potentilla_reptans

БОРЗАД (Potentilla reptans), гиёҳест бисёрсола. Пояаш хазанда (дарозиаш 8-50 см), бандҳояш решадор. Баргҳои бехаш панҷашакл, баргчаҳояш байзашакли дарозруя. Гулаш калони тилоранг. Давраи гулшукуфташ май – август, тухмаш август мепазад. Дар бешазори гармсер ва паҳнбарг, дар қади ҷӯйҳо, соҳили дарё, марғзори мавзеъҳои Қурама, Туркистон, Зарафшон, Ҳисору Дарвоз ва Тоҷикистони Ҷанубӣ (дар …

Муфассал »