Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

БОРКАШОНӢ

borkashoni

БОРКАШОНӢ, ҳамлу нақл, дар ҳуқуқи гражданӣ, навъи уҳдадории марбут ба ҳамлу нақли бор, бағоҷ ва мусофиркашонӣ, ки дар асоси шартномаи дахлдор анҷом дода мешавад. Хусусияти шартҳои ҳамлу нақли бор, бағоҷ ва мусофиркашонӣ тавассути нақлиёти алоҳида, инчунин масъулияти тарафҳо оид ба чунин ҳамлу нақл, агар дар Кодекси граждании Тоҷикистон, оинномаҳо ва …

Муфассал »

БОРӢ

nomi-khudovand

БОРӢ, ал-Борӣ (арабӣ – созанда, офаранда ва офаридгор), яке аз номҳои Худованд. Вожаи Борӣ дар Қуръон се бор (ду бор дар сураи Бақара, ояти 54 ва як бор дар сураи Ҳашр, ояти 24) ва дар суннати набавӣ дар ҳадиси асмоуллоҳ омадааст. Ихтилофи назари муфассирон дар маънои он аз ирҷои калима …

Муфассал »

БОРИШОТи атмосферӣ

boron

БОРИШОТи атмосферӣ, обест дар ҳолати моеъ ё сахт, ки аз абр меборад (борон, барф, жола) ё бевосита дар сатҳи замину ашёи рӯйи он ба туфайли конденсатсияи бухори оби таркиби ҳаво пайдо мешавад (яхча, кирав, шабнам). Боришотро бо асбобҳои махсуси боришсанҷ бо мм чен мекунанд. Миқдори Боришот вобаста ба арзи ҷуғрофиёӣ, …

Муфассал »

БОРИҶА

ferula-gummosa

БОРИҶА (Ferula gummosa), як навъ гиёҳи худрӯй (то 1 м қад мекашад). Барги серпашм, гули майдаи заъфарон ва хушагули чатршакл дорад. Май – июн гулу мева мекунад. Бориҷа рустании монокарп аст, яъне, як бор гулу мева карда, баъд тамоман мехушкад. Танҳо дар алафзори минтақаи даштии Осиёи Марказӣ (Копетдоғи Туркманистон) мерӯяд; …

Муфассал »

БОРИС ГОДУНОВ

boris-godunov

БОРИС ГОДУНОВ (тақрибан 1552-13.04.1605), шоҳи рус аз соли 1598. Писари боярин Годунов Ф. И. Ӯро ҷамъомади умумидавлатӣ шоҳ интихоб карда буд. Яке аз заминдорони калон. Бо ташаббуси ӯ барӯйхатгирии замин (1580—90) анҷом дода шуд. Баъди муборизаҳои шадиди дарборӣ ҳукмрони мутлақи давлатӣ гардид. Соли 1597 ҳуқуқи харида озод кардани деҳқонони ғуломшударо …

Муфассал »