Маълумоти охирин
Главная / Илм / БОРИҶА

БОРИҶА

ferula-gummosaБОРИҶА (Ferula gummosa), як навъ гиёҳи худрӯй (то 1 м қад мекашад). Барги серпашм, гули майдаи заъфарон ва хушагули чатршакл дорад. Май – июн гулу мева мекунад. Бориҷа рустании монокарп аст, яъне, як бор гулу мева карда, баъд тамоман мехушкад. Танҳо дар алафзори минтақаи даштии Осиёи Марказӣ (Копетдоғи Туркманистон) мерӯяд; дар Эрон низ дучор меояд. Зифти он (галбанум) дар тиб истифода мешавад. Решаи Бориҷа 2,8-3,8 дарсад равғани эфир ва то 24 дарсад зифт дорад.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …