Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

БОРОБУДУР

borobudur

БОРОБУДУР (Borobudur) ёдгори қадимии меъморӣ дар ҷазираи Яваи Марказии Индонезия. Дар даврони ҳукмронии Шайландер солҳои 778-850 бо истифода аз панҷоҳу ҳафт ҳазор метри мураббаъ сангҳои хокистарранги вулканӣ бунёд гардидааст. Тарҳи умумиаш ҳирамшакл буда, аз пойдевор ва ду ҷабат айвон иборат аст. Панҷ қабати поинии маъбад мураббаъшакли зинаосо бу­да, се қабати …

Муфассал »

БОРНОМА

konosament

БОРНОМА, коносамент, ҳуҷҷати стандартӣ, ки дар амалияи байналмилалӣ барои бор кардану кашондан ва гирифтани мол (бор) ҳуқуқ медиҳад. Борнома барои роҳҳои байналмилалӣ пешбинӣ шудааст. Он коғази қиматнок буда, ҳуқуқи дар ихтиёр доштану кашондани борро тасдиқ менамояд. Ба Борнома ҳатман ҳуҷҷати суғуртаи бор ҳамроҳ карда мешавад. Ба он ҳуҷҷатҳои дигари зарурӣ …

Муфассал »

БОРНИТ

mineral-bornit

БОРНИТ, минерал, формулаи кимиёиаш Сu5FеS4. Ба ифтихори минералшиноси чех И. Борн номгузорӣ шуда­аст. Ду модификатсияи полиморфӣ: баландаҳарорат (аз 228°С баланд) – силсилаи булурбандиаш кубӣ-гексаоктаэдрӣ ва пастҳарорат (аз 228°С паст) – силсилаи булӯрбандиаш тетрагоналӣ-скаленоэдрӣ дорад. Бештар дар шакли ҷинсҳои зичи донадор ва зарраҳо вомехӯрад. Рангаш тираи сурхтоб. Ҷилояш филиззӣ, сахтиаш 3 …

Муфассал »

БОРНДАЛЕН

borndalen

БОРНДАЛЕН, Бёрндален (Bjorndalen) Уле Эйнар (27. 1.1974), варзишгари норвегӣ (биатлон, лижаронӣ). Чемпиони Бозиҳои олимпӣ дар спринт ва эсатфетаи дастаӣ (1998). Борндален ягона биатлонист, ки дар ҳама бахшҳои ин намуди варзиш (спринт, мусобиқаи инфиродӣ, мусобиқа пайгир, эстафета) дар Бозиҳои олимпии соли 2002 ғолиб омадааст. Дорандаи медали тилои чемпионати ҷаҳон дар спринт …

Муфассал »

БОРН Макс

born-maks

БОРН Макс (11.12.1882, Бреслау – 5.1.1970, Гёттинген), физик ва риёзидони олмонӣ ва англис, яке аз асосгузорони механикаи квантӣ. Дар лабораторияи Ҷ. Лармор ва Ҷ. Ҷ. Томсон кор кардааст (1907-08, Кембриҷ). Доираи таҳқиқоти Борн асосан татбиқи назарияи квантии А. Эйнштейн дар ҷисмҳои сахт ва сохти атом, назарияи риёзии механикаи квантӣ ва …

Муфассал »