Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

БОТ

bot

БОТ (англисӣ boat — киштӣ), киштии миёнаҳаҷми яксутунаи боркашони ғунҷоишаш то 60 тонна (дар замони киштиҳои бодбонӣ), ки 6-8 тупи қутраш хурд дошт. Ботҳо ба­рои сафарҳои баҳрӣ аршадор ва сафарҳои наздисоҳилӣ беарша мешуданд. Дар замони киштиҳои буғӣ Ботҳои бодбонӣ, бодбонию белдор ё муҳаррикдори ғунҷоишашон то 15 тонна вуҷуд доштанд, ки …

Муфассал »

БОСФОР

bosfor

БОСФОР, Боспор, давлати ғуломдории даврони атиқа, ки дар соҳили Баҳри Сиёҳ дар натиҷаи иттиҳоди шаҳрҳои Юнон дар нимҷазираҳои Кирчу Таман (тақрибан соли 480 то милод) бунёд ёфта буд. Пойтахташ Пантикоп (Кирчи ҳозира), шаҳрҳои калонтаринаш Фанагория, Гермонасса (Тамани ҳозира), Феодосся, Тиритака, Нимфей ва Горгиппия (Анапаи ҳозира) буданд. Аз охири асри 5 …

Муфассал »

БОСФОР

bosfor

БОСФОР (туркӣ Karadeniz Bogazi, юнонӣ Bosporos), гулӯгоҳи Константинопол (Қустантания) ва гулӯгоҳи камбари байни Аврупову нимҷазираи Осиёи Хурд, ки Баҳри Сиёҳ ва Баҳри Мармарро бо ҳам мепайвандад. Дарозиаш 30 километр, бараш аз 0,75 то 3,7 километр, умқаш 27-120 м. Водии қадимии дарёӣ буда, дар давраи чорум (антропоген) зери баҳр мондааст. Соҳилҳои …

Муфассал »

БОСТОНДЕҲ

deha

БОСТОНДЕҲ (то 14.12.12 Уртақишлоқи Боло ва По­ён), деҳа дар ҷамоати деҳоти Саразми ноҳияи Панҷакент. Аз деҳа то марказӣ ноҳия 7 километр; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 2610 нафар (январи 2013). Мактаби таҳсилоти умумии асосӣ, мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, клуб, 4 нуқтаи савдои хусусӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: сабзавоткорӣ, тамокупарварӣ, пилапарварӣ, чорводорӣ. Заминҳо …

Муфассал »

БОСТОНГУҲАР

images

БОСТОНГУҲАР, Бобомуллоев Саидмурод (таваллуд 10.9. 1960, деҳаи Ворӯи ноҳияи Панҷакент), бостоншинос ва муаррих. Доктори илмҳои таърих (2010). Баъди хатми мактаб (1977) дар заводи консерви шаҳри Панҷакент (1977-79) кор карда, солҳои 1979-81 дар сафи қувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ хидмат кардааст. Баъди хатми факултаи таърихи Университети давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) …

Муфассал »