Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

РОММ Михаил Илич

РОММ Михаил Илич (24. 1. 1901, Иркутск—1. 11. 1971, Москва), режиссёри кинои советӣ, севариянавис, Артисти Халқии СССР (1950). Аъ- зои КПСС аз соли 1939. Соли 1925 Институти олии давла¬тии бадеӣ-техникиро (факултети ҳайкалтарошӣ) хатм намуда, ҳамчун сенариянавис ва ассистенти режис¬сёр кор мекунад. Дар филми нахустинаш «Лӯндаяк» (1934, беовоз) симои мазҳакаомези буржуазияро» …

Муфассал »

«РОМИШХОН»

«РОМИШХОН» 1) сароянда, мутриб, навозанда, санъаткоре, ки дар созу овоз пешдаст аст. 2) Оҳанги қадимӣ аз эҷодиёти санъаткори давраи Сосониён Ромтан (Ромин)-и Чангӣ, ки ба муносибати ҷашни «Меҳргон» офаридааст. 3) Шӯъбае дар таркиби «Ҳаштмақом». 4) Гӯшаи қисмати созӣ дар таркиби шӯъбаҳои «Муҳайяр», «Бастанигор», ки онро дар қисмати хотимавии ни шӯъбаҳо …

Муфассал »

«РОМИШ»

nota-2

«РОМИШ» Ромишхор 1) оҳанги қадимии мавсимӣ-маросимист, ки аз тарафи ҳофиз ва бастакори номии аҳди Сосониён Борбади Марвӣ эҷод шудааст. Баъзе маъхазҳо «Ромиш»-ро эҷоди мутриби дигари он замон Ромтин ё Ромини Чангӣ донистаанд. «Ромиш» мусиқиест, ки ба шунаванда оромӣ ва ҳолати сархушӣ мебахшад. 2) Гӯшаи мусиқист дар таркиби «Дувоздаҳмақом». А. Раҷабов.

Муфассал »

Мамнӯъгоҳи «РОМИТ»

romit1

«РОМИТ», мамнӯъгоҳест, ки соли 1959 бо мақсади муҳофизати ланд¬шафта табиию хоса, набототу ҳайвоноти нодири кӯҳсори Тоҷикистон ва гузаронидани тадқиқоти ҳаматарафаи илмӣ барпо шудааст. Дар ихтиёри Комитети давлатии хоҷагии ҷангали РСС Тоҷикистон аст. Масоҳати 16,1 ҳазор га буда, дар нишебиҳои ҷануби қаторкӯҳи Ҳисор, саргаҳи дарёи Кофарниҳон (дар байни шохобҳояш Сорбо ва …

Муфассал »

Дараи РОМИТ

romit

РОМИТ, дара, як қисми водии дарёи Кофарниҳон, ки аз андароби дарёҳои Сардаи Миёна ва Сорбо то аз кӯҳсор баромадани дарё (аз Шимолу Шарқ ба Ҷанубу Ғарб) ба масофаи қариб 20 км тӯл кашидааст. Дараро аз рост нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳи Ҳисор (баландиашон то 4200 м), аз чап қаторкӯҳи Қаротегин (аз 2000 …

Муфассал »