Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

БОША

bosha

БОША (Accipiter badius), як навъ парандаи соҳибчанголи аз боз хурдтар. Дарозии танааш 30-38 сантиметр, вазнаш 190-300 грамм; Бошаи модина калонтар аст. Боли кӯтоҳу думи дарози Боша барои дар байни дарахтон зуд парвоз кардан мутобиқ шудааст. Парҳои тахтапушти Боша хокистарранг, парҳои шикамаш сафедча буда, нақшҳои зарди сурхтоб доранд. Минқору чанголаш сиёҳ; …

Муфассал »

БОШ

bosch

БОШ (Bosch), ширкати умумиҷаҳонии олмонӣ дар соҳаи автомобилсозӣ, ки соли 1886 соҳибкор Роберт Август Бош дар шаҳри Штутгарт бо номи «Таъмиргоҳи механика ва электротехникаи дақиқ» ташкил кардааст. Ширкат аз соли 2013 дар чаҳор самти тиҷоратӣ фаъолият мекунад: технологияи автомобилӣ; технологияи саноатӣ; молҳои истеъмолӣ; технологияи сохтмон ва энергетика. Бош дар 150 …

Муфассал »

БОҶУРӢ Биҷурӣ, Шайх Иброҳим Муҳаммад

images

БОҶУРӢ Биҷурӣ, Шайх Иброҳим Муҳаммад ибни Аҳмади Боҷурӣ (1783-1860), донишманд ва нависандаи араб (Миср). Китоби Қуръонро дар зодгоҳаш деҳаи Боҷури Миср, назди падараш аз худ намуда, солҳои 1797- 98 дар Донишгоҳи ал-Азҳар таҳсил кардааст. Муддате ба Ҷазира баргаштааст. Дубора ба донишгоҳи ал-Аҳзар омада, таҳсилро идома додааст. Баъди хатми донишгоҳ мударрис …

Муфассал »

БОҶУ ХИРОҶ

bochu-hiroch

«БОҶУ ХИРОҶ», нашрияи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. Аз 26 декабри 1998 ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ҳафтае як бор дар ҳаҷми 16 саҳифа нашр мешавад. То декабри 2002 «Паёми андоз» ном дошт. Аз январи 2003  «Боҷу хироҷ» ном гирифт. Дар саҳифаҳои «Боҷу хироҷ» роҷеъ ба фарҳангу иқтисоди андоз …

Муфассал »

БОҶӢ

images

БОҶӢ, ал-Боҷӣ Абулвалид Сулаймон ибни Халаф ибни Саъд ибни Айюб ибни Борис (1013, Баталюс 1081, Алмерияи Андалусия), қозӣ ва фақеҳи моликии андалусӣ. Хонадони Боҷӣ аз Баталюс ба Боҷаи Андалус кӯчид ва баъдҳо дар Қуртуба маскан гирифт. Боҷӣ дар шарқи Анда­лус мезист ва дар назди донишмандони он ҷо, аз ҷумла олими …

Муфассал »