Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

МУЗТАРИБ Мулло Абдулмаҷид

person

МУЗТАРИБ Мулло Абдулмаҷид (1844, Бухоро — 1896/97, ҳамон ҷо), шоири тоҷик. Дар Бухоро таҳсил намуда, ҳамчун шоир дар муҳити адабии ин шаҳр ба камол расидааст. Тазкиранависон Возеҳ» Мӯҳтарам ва Садриддин Айнӣ («На­мунаи адабиёти тоҷик») Музтарибро ҳамчун шахси фозилу донишманд ва шоири хуштабъ тавсиф намудаанд. Муҳтарам дар шоирӣ ӯро «соҳиби тарзи …

Муфассал »

МУЗТАР Мулло Рахматуллоҳ

person

МУЗТАР Мулло Рахматуллоҳ (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири тоҷик. Ҷои таваллудаш тумани Косонн Насаф. Дар охири асри 18 ва аввали асри 19 умр ба cap бурда аст. Шоири баркамол ва машҳури замонаш, басо рангинхаёлу хушгуфтор буд. Мувофиқи маълумоти маъхазҳои адабӣ («Тӯҳфат-ул-аҳбоб»-и Возеҳ ва баёзи № 321 китобхонаи Институти забон …

Муфассал »

МУЗОРЕЪ

monandi

МУЗОРЕЪ (арабӣ — монанд, мушобеҳ), номи яке аз баҳрҳои фаръии арӯз. Ба ақидаи Халил ибни Аҳмад, ин баҳрро барои он Музореъ гӯянд. ки ба баҳри Ҳазаҷ  монанд аст. Дар аркони ҳар ду баҳр ватад муқаддамтар мебошад. Музореъ рукни махсус надошта, дар натиҷаи омӯзиши рукни асосии баҳри ҳазаҷ мафойлун) ва рукни …

Муфассал »

МУЗОРАА

muzoraa

МУЗОРАА (ар. «М> — чоряккорӣ), дар мамлакатҳои  Шарқ як намуди иҷораи замин. Музораа асосан дар асри 14 дар замони ҳукмрони муғулҳо ба вуҷуд омадааст. Замин дорои ба ивази як қисми ҳосил замини худро ба деҳқонони безамин ё камзамин ба иҷора медоданд. Шартномаи Музораа хаттӣ буда, асосан бо маҳсулот адо карда …

Муфассал »

МУЗОКИР-УЛ-АСҲОБ

kitob

«МУЗОКИР-УЛ-АСҲОБ» тазкира, таълифи Муҳаммадбадеь Малеҳои Самарқандӣ. Дар байни солҳои 1688—92 навишта шудаасг. Дар муқаддимаи баъзе аз нусхаҳои «Музокир-ул-асҳоб» муаллиф қайд кардааст, ки асарро то соли 1700 такмил ва тасҳеҳу таҳрир намудааст. Дар « Музокир-ул-асҳоб » оид ба 203 шоири Хуросон, Мовароуннаҳр ва Эрони Ғарбӣ маълумот дода шудааст. Дар оғози « …

Муфассал »