Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

МУЛЛОБОЕВ Эргаш

person

МУЛЛОБОЕВ Эргаш (таваллуд 1926, деҳаи Ғулакандози pайони Пролетар, чорводор, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1971). Иштирокчии Ҷан­ги Бузургни Ватанӣ (1941—45). Солҳои 1940—43 колхозчӣ, 1947—66 механизатор ва аз соли 1967 сардори бригадаи хошоктайёркунии колхози ба номи Владимир Илич Ле­нини райони Пролетар мебошад, Бригадир Муллобоев охирҳои 1967- 71 мунтазам ба ҳисоби миёна аз ҳар …

Муфассал »

МУЛЛОБЕҲЗОД

person

МУЛЛОБЕҲЗОД  (соли таваллуд ва вафот номаълум), мусаввири асри 17 тоҷик, намояндаи мактаби минётури Бухоро. Дар китобхонаҳои Абдулазизхон ва Субҳонқулихон кор кардааст. Аз ҳунари ӯ чор минётур дар «Хамса»-и Низомӣ (солҳои 1668— 71 дар Бухоро китобат шудааст; дар коллексияи Честер Битти, Дублин) боқӣ мондааст. Тахмин меравад, ки Муллобеҳзод дар ороишоти дигар …

Муфассал »

МУЛЛО НАСРИДДИН

mullo-nasriddin

«МУЛЛО НАСРИДДИН», журнали мусаввари ҳафтаинаи ҳаҷвӣ ба за- бони озарӣ. Солҳои 1906—12 дар Тиф­лис аз тарафи Ҷ. Мамедқулизода нашр мешуд. Январи 1913 аз нав барқарор шуда, октябри 1914 нашри он боз қатъ гардид. Журнал ғояҳои Револютсионӣ 1905—07 ва манфиати ҳаракати кор- гарии Закавказияро ифода менамуд ва дар тамоми Шарқи Наздику …

Муфассал »

«МУЛЛО МУШФИҚӢ»

ovozi-tochik

«МУЛЛО МУШФИҚӢ», иловаи га­зетаи «Овози тоҷик». Шумораи 1 бо номи «Ширинкор» (4 сентябр 1925) ва шумораи 2 бо номи «Мулло Мушфиқӣ» баъди як сол (27 сентябр 1926) аз чоп баромад. Аз шумораи 21 (июни 1929) «Мушфиқӣ» ном гирифт. Моҳи мар­ти 1932 бо номи «Бигиз» интишор ёфт. «Муло Мушфиқӣ», ки дар …

Муфассал »

МУЛЛО АБДУЛҶАВОДИ ХУРОСОНӢ

person

МУЛЛО АБДУЛҶАВОДИ ХУРОСОНӢ       (соли  таваллуд ва вафот номаълум), бастакор, мусиқишиноси асри 14 форс-тоҷик. Зодгоҳаш Исфаҳон, дар Ҳирот фавтидааст. Аз овони ҷавонӣ илмҳои бадеъ, қофия, мусиқӣ, ҳандаса, нуҷум, мантиқ, ахлоқ ва ғайраро аз худ карда, чанд муддат аз Қутбуддини Шерозӣ таълим гирифтааст. Доир ба масъалаҳои назарияи мусиқӣ «Рисола дар маърифати мусиқӣ»-ро …

Муфассал »