Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

МУЛЛОЁРИИ ЯЗДӢ

person

МУЛЛОЁРИИ ЯЗДӢ (соли таваллуд номаълум — вафот 1546), шоири форс-тоҷик. Дар шахри Язд дӯкондорӣ кардааст. Муллоёрии Яздӣ шоири ҳаҷвӣ буда, дар баъзе шеърҳояш Ваҳшии Бофқиро ҳаҷв кардааст.  Ваҳшии Бофқӣ низ дар ҷавоби шеърҳои ҳаҷвӣ гуфтааст. Мувофиқи маълумотни манбаъҳои адабӣ Муллоёрии  Яздиро ба куштани касе айбдор намуда, ба қатл маҳкум карданд. …

Муфассал »

МУЛЛОЁРИ ВАНҶӢ

person

МУЛЛОЁРИ ВАНҶӢ  Ёрмуҳаммад (таваллуд 1825 деҳаи Ғума­яки Ванҷ— соли вафоти номаълум), шоири тоҷик. Дар шеърҳояш Ёрӣ тахаллус мекард. Дар чанде аз баёзҳо, махсусан баёзи шоири дарвоз  Авлиёҳусайн баъзе маълумоти тарҷумаиҳолиро оид ба ин шоир дарёфт намудан мумкин аст: дар оилаи деҳқони миёнаҳол ба дунё омада, бо роҳи худомӯзӣ савод бароварда, …

Муфассал »

МУЛЛОЕВ Қурбон

person

МУЛЛОЕВ Қурбон (таваллуд 1905, Хуҷанд), пахтакор, Каҳрамони Меҳна- ти Сотсиалистӣ (1951). Аъзои Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ  КПСС aз соли 1945. Солҳои 1929—35 коркуни шӯубаи районии хоҷагии қишлоқи Қурғонтеппа, 1936—44 сар­дори бригадаи пахтакорӣ, 1945— 55 раис ва 1956—59 сарагрономи колхози ба номи Владимир Илич Ленин, 1960—65 раиси Совети қишлоқи Кали­нини pайони …

Муфассал »

МУЛЛОДАВЛАТ

deha

МУЛЛОДАВЛАТ, деҳаест дар Совети қишлоқи Қаросуи pайони Орҷоникидзеободи Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон. Территорияи совхози ба номи Э. Тел­ман. Аз Марказ то маркази Совети қишлоқ 12 километр, то район 10 километр: роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 675 нафар (1981), тоҷикон. Мактаби миёна ва магазин дорад. Соҳаи асосии хоҷагӣ — пахтакорӣ. Заминҳо аз дарёи …

Муфассал »

МУЛЛОБУРҲОНИ ХАТЛОНӢ

person

МУЛЛОБУРҲОНИ ХАТЛОНӢ (соли таваллуд ва вафот номаълум), мударрис ва шоири охири асри 19 ва аввали асри 20. Дар вилояти Кӯлоби ҳози- ра таваллуд ёфта, дар Бухоро илм омӯхт. Мударриси мадрасаи Хоҷа Муҳаммади Порто (Бухоро) буд. М.уллобурҳонӣ Xатлонӣ, ки аз фазлу дониш баҳраи тамом дошт, аввалҳо бо тахаллуси «Муштоқӣ» шеър мегуфт …

Муфассал »