Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

МУНҚ

balchuvon

МУНҚ, калонтарин шаҳри Хута­лон (номи қадими вилояти Кӯлоб ва Балҷувон), ки дар болооби дарёи Аму, байни дарёҳои Панҷу Вахш, наздикии деҳаҳои Хонақоҳ ва Шахриминги назди Ховалинг воқеъ буд (асрҳои 9—15). Биноҳои Мунқ аз хишти пухта ва деворҳои шаҳр аз санг сохта шу­да буд. Димнаи Мунқ 1 километр дуртар дар шимоли …

Муфассал »

МУНЪИМИ БУХОРОӢ

person

МУНЪИМИ БУХОРОӢ  Ҳоҷӣ Абдурраҳмон ибни Қозибақо (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири асри 17 тоҷик. Дар Самарқанду Бухоро таҳсил кардааст. Дар Самарқанд муддате қозӣ буд. Баъдтар ба хид- мати Абдулазизхон (аз сулолаи Аштархониён) дохил шуд. Пас аз вафоти Абдулазизхон ба Ҳиндустон сафар карда, ба дарбори Авралгзеб роҳ ёфт ва ба …

Муфассал »

МУНШӢ

munshi

МУНШӢ (арабӣ — иншокунанда, нависанда), дабир, котиби дево­ни давлатӣ. Дар Осиёи Миёна ко­тиби шахсии хон ё ҳоким. Ба муншигй шахсони маълумотнок ва хушнавис қабул мешуданд. Муншиён одатан олиму фозил буданд ва бо ҳамин хусусият аз котибони муқаррарӣ фарқ мекарданд. Ба зиммаи Муншӣ навиштани мактубу фармонҳои хо­ну амирон ва китобати аксар …

Муфассал »

МУНШӢ Муҳаммадюсуф ибни Хоҷабақо

person

МУНШӢ Муҳаммадюсуф иб­ни Хоҷабақо (соли таваллуд ва вафот номаъ­лум), муаррихи асри 17 тоҷик. Муншӣ дар дарбори ҳокими Балх Абдулмузаф- фар Муҳаммад Муқимхон муншӣ буд. Ҳамчун корманди масъули дипломатӣ ба дарбори Темуриёни Ҳинд сафар кардааст. Асари асосии Муншӣ в Таърихи Муқимхонӣ» мебошад. Асос: Мукиханская история. Персидско с таджикского, послесловие, примечание и …

Муфассал »

МУНШАОТ

navishtajot

МУНШАОТ (арабӣ — навиштаҷот), навиштаҷоти адабӣ ва мукоти- баест, ки муншиён тасниф кардаанд. Асоси муншаот мактуб аст: мактубҳои арбобони давлат, илму адабиёт, намояндагони санъат ва мукотибаи шахсӣ. Бештари Муншаот аз намунаҳои мукотибаи арбобони дав­лат, ёрлиқоту маношир, санадҳои никоҳу талоқ, харидуфурӯш иборатанд. То ба рӯзҳои мо Муншаоти олими файласуф Муҳаммади Ғазолӣ …

Муфассал »