Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

МУРУДАК

deha

МУРУДАК, М у р ӯ д а к, деҳаест дар Совети қишлоқ Ҳисори pайони Ҳисори Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон.  Аз деҳа то маркази Совети қишлоқ 18 километр. Аҳолиаш 375 нафар. (1981), тоҷикон.

Муфассал »

МУРУД

nok

МУРУД, мурӯд, нок, анҷирак (Pyrus tadshikistanica), дарахтест аз оилаи настараниҳо. Баландиаш 15—20 метр, диа­метри танааш 35 —40 сантиметр; дар маҳалдои гармсер одатан дарахти пастқади паттамонанд, баландиаш 2—4 метр, диаметри танааш 10—15 сантиметр. Пӯстлохи танаи кӯҳнааш хокистарранг, шохчаҳои яксолааш қаҳваранги сурхтоб, баргаш мудаввар  ё  тухмшакли ода­тан дурушту чармгун (дарозиаш 6—7 сантиметр); …

Муфассал »

МУРРЕЙ

daryoi-murrey

МУРРЕЙ, Марри (Murray), дарёи калонтарини Австралия. Тӯлаш 2570 километр (аз сарҳади дарёи Дарлинг—3750 километр). Масоҳати ҳавзааш 1160 ҳазор километр1. Аз кӯҳҳои Алпи Австралия оғоз ёфта, ба уқёнуси Ҳинд мерезад. Қисми зиёдаш аз ҳамвориҳои хушки камбориш, ки ноҳияи муҳимтарини хоҷагии қишлоқи Австралия мебошад, мегузарад, Шохобҳои асосиаш:            Маррамбиҷи ва Дарлинг (аз рост}. …

Муфассал »

МУРОҶИАТНОМА БА ХАМАИ МЕҲНАТКАШОНИ МУСУЛМОНИ РОССИЯ ВА ШАРҚ

murojiatnoma

«МУРОҶИАТНОМА БА ХАМАИ МЕҲНАТКАШОНИ МУСУЛМОНИ РОССИЯ ВА ШАРҚ», ки 20 ноябри 1917 Совети Комиссарони Халқ Республикаи Советии Рос­сия зълон кардааст. Совети Комиссарони Халқ дар ин «Муроҷиатнома» сиёсати озодихоҳона ва сулҳҷӯёнаи худро баён намуда, халқҳои мазлумро даъват кард, ки Револютсияи  сотсиалистии Россияро дастгирӣ кунанд. Дар «Муроҷиатнома» аз зулму ситами Россияи подшоҳӣ …

Муфассал »

МУРОҶИАТИ ДЕПУТАТ

murochiati-deputat

МУРОҶИАТИ ДЕПУТАТ (арабӣ— бозгашт, баргашта омадан), муроҷиати депутат ба органҳои идоракунии давлат ё шахси мансабдор оид ба масъалаҳои фаъолияти онҳо. Ҷавоб ба муроҷиати депутати халқӣ мумкин аст мавриди муҳокима ва дар ҳолатҳои зарурӣ боиси қабули қарорҳои органи дахлдор гардад. Депутати Совети Олии Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ СССР ҳуқуқ дорад ба …

Муфассал »