Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

МУСАДДАС

musaddas

МУСАДДАС (арабӣ — шашгона, шаштоӣ), 1) навъе аз санъатҳои лафзии шеъри форс-тоҷик. Шаш мисраъ ё шаш байтест, ки агар онҳоро ба шаш порчаи тараннумӣ ё шаш рукн ҷудо карда, дар порчаи тараннумӣ ё дар шаш хонаи баробарпаҳлӯ навишта, аз чап ба рост ва аз боло ба поён хонанд, маънию шакл …

Муфассал »

МУСАВВАДА

chernovik

МУСАВВАДА (арабӣ— сиёҳнавис), дар матншиносӣ зери мафҳуми Мусаввада таҳрири аввали дасттависи асарҳои шоирону нависандагонро ме- фаҳманд. Ба ин маънӣ Мусаввада шакли ибтидоии асари бадеӣ ё илмист, ки мунтазири таҳриру такмил мебошад. С. Давронов.

Муфассал »

МУРҶИИЯ

mechta

МУРҶИИЯ (аз арабӣ—умед, орзу, чашмдошт), яке аз таълимотҳои динию ахлоқиест, ки дар шариати ислом масъалаи озодии иродаро ба таври хос ҳал намудааст. Мӯътазилиён таъкид мекарданд, ки шахси гуноҳи сахт содиркарда кофир на­мешанад, аммо аҳли хориҷия собит менамуданд, ки ин қабил шахси мусулмон кофир мешавад. Бар хилофи ҳамаи инҳо ва хусусан …

Муфассал »

МУРҒШӮРБО

murgshurbo

МУРҒШӮРБО, як навъ таоми мил­лист. Мурғро пар канда (дар кӯҳис­тон пӯсташро канда) ба дег меандозанд ва мисли хомшӯрбо дар оташи паст мепазанд. Ба он мувофиқи табъ пиёз, сабзӣ, картошка, баъзан каме биринҷ ё угро низ ҳамроҳ мекунанд. Мурғшӯрборо аксар вақт ҳамчун таоми парҳезӣ мепазапд. М. Хомидҷонова.

Муфассал »

МУРҒУТЧА

deha

МУРҒУТЧА, деҳаест дар Совети қишлоқи Рованди районии Ванҷи Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ. Территорияи совхози «Съезди 20-уми партия». Аз Мкрғутча то маркази Совети қишлоқ 4 километр, то район 57 километр. Аҳолиаш 245 нафар. (1981), тоҷикон. Деҳа мактаби 8-сола ва китобхона дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ — чорводорӣ, ғаллакорӣ ва боғу токдорӣ. Заминҳо …

Муфассал »