Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

РОТОРи мошини электрӣ

1401955303_www-ntpo-com_1

РОТОРи мошини электрӣ, қисми мутаҳаррики мошини электрист. Мафҳуми «Ротор»-ро одатан нисбат ба Pотори ҷараёни электраш тағйирёбанда истифода мебаранд; Pотори мошинҳои электрии ҷараёни доимиро лапгар меноманд. Pотори мошини элект¬рии асинхронӣ одатан ҷисми силиндрии аз пӯлоди варақ-варақи электротехникӣ таркибёфтаро мемонад, ки сатҳаш барои ҷойгир кардани печаҳо шикофа дорад. Аз рӯи намуди симпечҳо …

Муфассал »

РОТА

sarboz

РОТА пол. rota, нем. Rotte — тӯда, отряд), подразделенияи тактикии қӯшунҳои моторонидаи тирандозӣ, танки, инженерӣ, ҳавоию десантӣ ва ғайра. Дар армияи рус Рота дар «полкҳои сохти нав» пайдо шуда, подразделенияи полки пиёдагард, кавалерия ва артиллерия ба ҳисоб мерафт. Дар кавалерия Рота аввали асри 18 ба эскадрон ва дар артиллерия соли …

Муфассал »

РОТОР дар математика

РОТОР дар математика, муродифи мафҳуми гирдбоди майдони векторӣ. Характеристикаи вектории «ташкилдиҳандаҳои даврзананда»-и майдони А-ро гирдбоди майдони вектории А меноманд. Роторро метавон чунии шарҳ дод. Бигзор А майдони суръатҳои ҷараёни моеъ бошад. Дар нуқтаи додашудаи ин ҷараён чархаки паррадореро ҷой дода, меҳвари онро мувофиқи rot А дар ҳамин нуқта самт медиҳем.

Муфассал »

РОТАТОР

РОТАТОР (лотинӣ rotator — чархзанонанда), системаи механикиест, ки аз нуқтаи материалии нисбат ба нуқтаи беҳаракати фазо (маркази Ротатор) чархзананда иборат аст. Дар механикаи квантӣ квадрати момен¬ти миқдори ҳаракати мадории- Ротатор ва проексияи момент ба меҳвари дилхоҳ танҳо қиматҳои муайяни диск¬ретӣ гирифта метавонанд.

Муфассал »

РОСУ – мири мушон

73399

РОСУ (Musteianiyalia), мири мушон, як ҷонвари ширхӯри даррандаест аз оилаи савсорҳо. Дарозии танаш 13—26 см, думаш 1,4— 9 см, вазнаш аз 30 то 250 г; баданаш борики дарозу нарм; мӯяш зичи кӯтоҳ. Тобистон ранги мӯи тах¬та пушташ бӯри зардча ва шикамаш сафед буда, зимистон пурра сафед мешавад. Дар районҳои ҷанубӣ …

Муфассал »