Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

МУТАСИЯ

mutasiya

МУТАСИЯ (аз лотинӣ mutatio — тағйирёбӣ, ивазшавӣ), тағйирёбии структураи ирсии материяи зинда, ки шомил ва ноқили ахбори генетикӣ аст. Тамоми шаклҳои ҳаёт — аз вирусу микроорганизмҳо cap карда, то набототу ҳайвонот ва одам қобили Мутасия мебошанд. Организмҳои дар натиҷаи Мутасия тағйирёфта мутант ном доранд. Воҳиди Мутасия мутов (элементи майдатарини ген) …

Муфассал »

МУТАФОЗИЛ

mutafozil

МУТАФОЗИЛ (арабӣ— афазалиятдошта, бартаридошта), дар илми мусиқишиносии халқҳои Шарқи Наздик ва Миёна фосилаҳоеро, ки аз ҷиҳати баландии садодиҳии худ аз ин ё он овоз бартарӣ доранд, Мутафозил меноми-данд. А. Низомов.

Муфассал »

МУТАНОСИБӢ

mutanosib

МУТАНОСИБӢ (аз арабӣ дорои таносуб, созу муносиб), соддатарин шакли вобастагии функсионалист. Мутаносибӣ роста ва чаппа мешавад. Агар нисбати ду бузургии тағйирёбанда бетағйир монад, яъне ҳангоми чанд карат каму зиёд шудани яке аз онхо нисбати дигар низ ҳамон қадар каму зиёд шавад, чунин бузургиҳоро Мутаносиби роста меноманд. Мутаносиби бузургиҳои х ва …

Муфассал »

МУТАНАББӢ Абуттайиб Аҳмад ибни Ҳусайни Ҷуъфӣ

person

МУТАНАББӢ Абуттайиб Аҳмад ибни Ҳусайни Ҷуъфӣ (905, Куфа— 965, Ироқ), шоири араб. Аз оилаи машкоб. Мутунаббӣ аз 12-солагӣ ба шеър-гӯӣ cap кардааст. Дар дарбори ҳокимони Сурия, Миср, Ироқ ва Ҳалаб ҳамчун шоири қасидасаро хидмат кардааст. Барои шеърҳои ҳаҷвиаш дучори кинаву қасос гардида, кушта шуд. Мероси адабии Мутанаббӣ аз мадҳ, марсия, …

Муфассал »

МУТАЛАВВИН

vokal

МУТАЛАВВИН (арабӣ— рангоранг), шеърест, ки ба ду вазн ё зиёда аз он хонда мешавад. Чандин ғазалҳои машҳури устодони бузурги назми классикии форс-тоҷик Саъдӣ, Ҳофиз, Сайидо ва дигар дар ду баҳр навишта шудаанд. Масалан, ин ғазали Саъдӣ (матлааш: Эй боди бомдодӣ, хуш меравӣ ба шодӣ,  Пайванди рӯҳ кардӣ, пайғоми дӯст додӣ) …

Муфассал »