Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

МУТОИБА

shuhi

МУТОИБА, м у т о я б a (арабӣ — шӯхӣ, хушгӯӣ), тасвири ҳодисаҳои хандаовари ҳаёт, амалиёт ва фаъолиягти ҳазломези шахсони алоҳида дар адабиёти бадеӣ. Мутоиба бо ҳаҷв хеле қаробат дорад, вале дар миёни ҳаҷву Мутоиба тафовут зиёд аст. Дар Мутоиба тамасхури тунду тез ва истеҳзо дида намешавад. Ҳодиса ва …

Муфассал »

МУТЛАҚИЯТ

monarhiya

МУТЛАҚИЯТ (аз арабӣ— комил; озод), як шакли идоракунии монархи дар Россия, ки ҳуқуқҳои олии қонунгузорӣ (тасдиқи лоиҳаи қонунҳо), идоракунӣ (таъин ва аз кор хориҷ кардани шахсони олирутба, роҳбарони муассисаю органҳои идоракунии марказии маҳаллӣ, фармондеҳони олии армия ва флот, мудирони идораҳои молия ва ғайра) ва суди олӣ (тасдиқи ҳукмнома, афв) ба …

Муфассал »

МУТАҲҲАРИ КУРА Саид

person

МУТАҲҲАРИ КУРА Саид (1317—1392), шоири форсизабони Ҳиндустон. Аз мардуми шаҳри Кураи шимолии Ҳиндустон. Пас аз таҳсили илм ба шаҳри Гуҷарот ва баъд-тар ба Деҳлӣ рафта, чанде дар он ҷойҳо зиндагӣ кардааст. Ӯ аз муридони Авҳадии маъруф ба Чароғи Деҳлӣ (вафот 1358, орифи машҳури замонааш) буд. Аз Мутаҳҳари Кура дар ҳаҷми …

Муфассал »

МУТАҲҲАР ибни Абдуллоҳ ибни Ҳусайни Сайидизуддин

person

МУТАҲҲАР ибни Абдуллоҳ ибни Ҳусайни Сайидизуддин (соли таваллуд номаълум — вафот 1423), шоири форс-тоҷик. Ҷавониашро дар Озарбойҷон гузаронда, пас аз чанде ба Форс рафта, шӯҳрати зиёде пайдо кардааст. Мутаҳҳар то соли 1380 дар он ҷо зиндагӣ карда, баъд ба Ҳиндустон рафтааст ва то охири умр он ҷо мондааст. Аз Мутаҳҳар …

Муфассал »

МУТАҚОРИБ

sher

МУТАҚОРИБ (арабӣ— наздикшаванда, ба ҳам наздик), номи яке аз баҳрҳои аслии (солими) арӯз. Азбаски рукнҳои ватад ва сабаби он ба ҳам наздиканд, арӯзиён онро Мутақориб номидаанд. Рукни асосии (аслии) Мутақориб фаӯлун (V) буда, дар натиҷаи каму зиёд кардани миқдори ҳиҷову ҳарфҳо ё дигар шудани мавқеи ҳиҷоҳои дарозу кӯтоҳ таркиби он …

Муфассал »