Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

МУХАЛЛАДИ ГУРГОНӢ

person

МУХАЛЛАДИ ГУРГОНӢ Абушариф Аҳмад ибни Алӣ (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири асри 11 форс-тоҷик. Дар «Лубоб-ул-ал боб»-и Авфӣ, «Тарҷумон-ул-балоға»-и Родуёнӣ, «Луғати фурс»-и Асадии Тӯсӣ ва «Чаҳор мақола»-и Низомии Арузии Самарқандӣ доир ба ин шоир маълумоти мухтасаре омада, порчаҳои шеърие аз эҷодиёташ ба таври намуна сабт гардидааст. Оид ба тарҷумаи …

Муфассал »

МУФТӢ

mufti

МУФТӢ (арабӣ — фатводиҳанда, ҳукмбарор), 1) рӯҳонии олимансаб дар мамлакатҳои Шарқи мусулмонӣ; 2) шахсест, ки пеш аз ҳукми қозӣ дар бораи раво ва ҷоиз будани ин ва ё он ҳукм аз рӯи шариат фатво медиҳад. Дар аморати Бухоро ба вазифаи Муфтӣ одамоне таъин мешуданд, ки ҳадисрро нағз донанд. Одатан Муфтиро …

Муфассал »

МУФТХӮРӢ

mufthuri

МУФТХӮРӢ, сифати манфии ахлоқ буда, аз ҳисоби дигарон зиндагӣ ба cap бурдан ва нафрату беэътиноӣ нисбат ба меҳнати фоиданоки ҷамъиятӣ доштанро ифода мекунад. Муфтхӯрӣ ҳодисаи иҷтимоӣ буда, асоси онро мавҷудияти моликияти хусусӣ ва синфҳои истисморгар ташкил медиҳанд. Дар олами сармоя ақаллият боигарии ҷамъиятиро дар дасти худ нигоҳ дошта, бо роҳи …

Муфассал »

МУФТИИ БУХОРОӢ

person

МУФТИИ БУХОРОӢ Абӯабдуллоҳ Муҳаммад ибни Исмоил (810, Бухоро — 870, наздикии Самарқанд), фақеҳ ва илоҳиётшиноси тоҷик, аввалин ҷомеъ ва танзимкунандаи ҳадисҳо, мусаннифи маҷмӯаи «Ал-ҷомеъ-ус-саҳеҳ* («Ас-саҳеҳ»). Дар ҷавониаш ба Макка сафар карда, ба ҷамъоварии ҳадисҳо машғул шуд, баъд бо мақсади ҷамъ овардани ҳадисҳо ба мамлакатҳои араб, Эрон ва Осиёи Миёна сафар …

Муфассал »

МУФТА

mufta

МУФТА (аз немисӣ Mulfe; голландӣ mou-wtje), дар техника, ҷиҳозест барои пайванди Муваққатӣ ё доимии наварду ғулба, симтанобу кабелҳо ва ғайра. Муфтаҳои пайвандкунанда вобаста ба вазифаашон пайвандро мустаҳкам, гермет ва онро аз коррозия ҳифз мекунанд. Масалан, Муфтаи кабел, Муфтаи пайванди ғулбаҳо. Муфтаҳои ҳарактовари мошину механизмҳо ҳаракати чархзанӣ ва моменти чархзаниро аз …

Муфассал »