Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

МУҲАММАД ИБНИ АБУБАКРИ САМАРҚАНДИ

nophoto

МУҲАММАД ИБНИ АБУБАКРИ САМАРҚАНДИ (соли таваллудаш номаълум — вафоташ 1197, Са­марқанд), ҳуқуқшиноси форс-тоҷик. Доир ба ҷараёни зиндагиаш маълумотҳо каманд. Сарчашмаҳои дастрас хабар медиҳанд, ки давраи бачагии Муҳаммад дар Самарқанд гузаштааст. Сипас дар Бухоро таҳсил мекунад. Аксар илмҳои расмии замонашро аз бар намуда, хеле машҳур мегардад ва ҳамчун яке аз намояндагони …

Муфассал »

МУҲАММАД БОҚИРИ ҲИРАВӢ

nophoto

МУҲАММАД БОҚИРИ ҲИРАВӢ (соли таваллуд ва вафоташ номаъ­лум), хушнавис ва донишманди асри 16 форс-тоҷик. Писари хушнависи машҳур Миралии Ҳиравӣ. Санъати хушнависиро аз падараш омӯхтааст. Муҳаммад Боқирӣ  илмҳои маъмули давр, хусусан, калом ва ҳикматро хеле мукаммал медонистааст. Муҳаммад Боқирӣ аввал дар Ҳиндустон, дар дарбори Хонихонон хидмат кард. Баъдҳо ба дарбори Ҳумоюнподшоҳ …

Муфассал »

МУҲАММАД БОҚИРӢ

nophoto

МУҲАММАД БОҚИРӢ— (но­ми пуррааш Ҳаким Сайидмуҳаммад Боқир; таваллуд ва вафоташ номаълум), табиби форс-тоҷик. Ровиёни ахбор ӯро аз пайравони Абӯалӣ ибни Сино дар ил­ми дорушиносйӯӣ донистаанд. Муҳаммад Боқирӣ дар дарборе Сулаймони Сафавӣ (1667— 1695) табибӣ карда, бо амри ӯ «Адвияи калбия» («Доруҳои дил») ном асари худро ба форсӣ-тоҷикӣ навиштааст. Асари мазкур …

Муфассал »

МУҲАММАД АБУТОҲИР

nophoto

МУҲАММАД АБУТОҲИР Алӣ ибни Муҳаммад Абутоҳири Меъмор (соли таваллуд ва вафоташ номаъ­лум), меъмор ва ваққоши асри 12 форс- тоҷик. Аслан аа Сарахс буда, дар Бухоро фавтидааст. Дар овони ҷавонӣ санъати наққошӣ, хаттотӣ ва сонияи меъмориро омӯхт. Муҳаммад Абутоҳир махсусан дар санъати катибанависӣ ва ороиши биноҳо шӯҳрати зиёд дошта, хати кӯфиро …

Муфассал »

МУҲАММАД АБУНАСРИ ХУҶАНДӢ

nophoto

МУҲАММАД АБУНАСРИ ХУҶАНДӢ (соли таваллуд ва   вафоташ номаълум), мусиқишинос, бастакор ва навозандаи асри 15 тоҷик. Мусиқиро дар зодгоҳаш Хуҷанд ва Самарқанд омӯхтааст. Дар Самарқанд назди Султонмуҳаммади Уди Самарқандӣ аз назария ва амалияи мусиқӣ таълим гирифтааст. Бо таклифи дӯстонаш ба  Ҳирот рафта, аз устодони мусиқии он ҷо санъати сарояндагию навозавдагиро ба …

Муфассал »