Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МУҲАММАД БОҚИРӢ

МУҲАММАД БОҚИРӢ

nophotoМУҲАММАД БОҚИРӢ— (но­ми пуррааш Ҳаким Сайидмуҳаммад Боқир; таваллуд ва вафоташ номаълум), табиби форс-тоҷик. Ровиёни ахбор ӯро аз пайравони Абӯалӣ ибни Сино дар ил­ми дорушиносйӯӣ донистаанд. Муҳаммад Боқирӣ дар дарборе Сулаймони Сафавӣ (1667— 1695) табибӣ карда, бо амри ӯ «Адвияи калбия» («Доруҳои дил») ном асари худро ба форсӣ-тоҷикӣ навиштааст. Асари мазкур аа муқаддима, 14 боб ва хотима иборат буда, нусха (ре­цепт), тайёр кардани доруҳои соддаю мураккаб, тавсифи тарики муайян кардани мизоҷи беморон ва аҳамияти он дар муолиҷа ва ғайраро дар бар мегирад.

Т. Аҳмадов

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …