Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

МУҲАММАД ИБРОҲИМ

nophoto

МУҲАММАД ИБРОҲИМ ибни Му­ҳаммад Исмоили Исфаҳонӣ мутахаллис ба «Соғар» (таваллудаш номаълум — вафоташ 1884/85, Исфаҳон), ҳаттот ва шоири эронӣ. Аз хурди ба хушнависӣ шавқ дошта, баробари ин илми бадеъ, маъониву баён ва ғайраро омӯхтааст. Анвои хат, хусусан насхро бо камоли маҳорат менавишт. Ба Ҳиндустон рафта, «Ахлоқи Носирӣ»- ро соли 1850 …

Муфассал »

МУҲАММАД ИБНИ ҲИНДУШОҲИ НАХҶУВОНӢ

nophoto

МУҲАММАД ИБНИ ҲИНДУШОҲИ НАХҶУВОНӢ (соли таваллудаш 1288 — соли вафоташ номаълум), муншӣ, насрнавис, луғатнависи асри 14 форс-тоҷик. Муҳаммад дар дарбори писари Рашидуддини Фазлуллоҳи вазир — Ғиёсуддини Рашиди муншӣ буд. Сипас ба хидмати султан Увайс (1356 —1374) дохил шуда, дар фанни иншо китобе бо номи «Дастул-ал-котиб фӣ таъин-ил-маротиб» (1365—1366) таълиф кард. …

Муфассал »

МУҲАММАД ИБНИ ҒОЗИИ МАЛТАВӢ

nophoto

МУҲАММАД ИБНИ ҒОЗИИ МАЛТАВӢ  (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), насрнависи асри 11 форс-тоҷик. Муҳаммад аз фозилони дарбори  султонҳои Рум, дарбори Абулфатҳ Рукнуддини Сулаймоншоҳ ибни Қилич Арслон буд, ки то ба мартабаи вазирӣ расидааст. Ба ташвиши султони мазкур «Марабоннома»-ро аз забони табарӣ ба форсии дарӣ гардонида ба он «Р а в …

Муфассал »

МУҲАММАД ИБНИ ФАЗЛ

nophoto

МУҲАММАД ИБНИ ФАЗЛ — (соли таваллуд номаълум — вафоташ 931, Самарқанд), фақеҳи форс-тоҷик. Дар Балх таваллуд шуда, даврав тифлӣ ва кӯдакиашро он ҷо гузаронидааст. Асосан дар Самарқанд зиндагӣ, таҳсил ва эҷод кардааст. Илмҳои расмии замовашро омӯхта, яке аз машҳуртарин донишмандони аҳди худ гаштааст. Дар мадрасаҳои Самарқанд доир ба фиқҳ дарс …

Муфассал »

МУҲАММАД ИБНИ ТОҲИР

nophoto

МУҲАММАД ИБНИ ТОҲИР (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), охирин намояндаи сулолаи Тоҳириён, ки солҳои 862—873 ҳукмронӣ кардааст. Мулкҳои Муҳаммад ибни Тоҳир, ки Хуросон ва Мовароуннаҳрро дар бар мегирифтанд, тобеи хилофати араб буданд. Дар аҳди Муҳаммад ибни Тоҳир давлати Тоҳириён рӯ ба таназзул овард. Соли 873 лашкари Яъқуби Саффорӣ лашкари Муҳаммад …

Муфассал »