Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МУҲАММАД ИБНИ ҲИНДУШОҲИ НАХҶУВОНӢ

МУҲАММАД ИБНИ ҲИНДУШОҲИ НАХҶУВОНӢ

nophotoМУҲАММАД ИБНИ ҲИНДУШОҲИ НАХҶУВОНӢ (соли таваллудаш 1288 — соли вафоташ номаълум), муншӣ, насрнавис, луғатнависи асри 14 форс-тоҷик. Муҳаммад дар дарбори писари Рашидуддини Фазлуллоҳи вазир — Ғиёсуддини Рашиди муншӣ буд. Сипас ба хидмати султан Увайс (1356 —1374) дохил шуда, дар фанни иншо китобе бо номи «Дастул-ал-котиб фӣ таъин-ил-маротиб» (1365—1366) таълиф кард. Ин асар дар равшан сох­тани масъалаҳои таърих, иқтисодиёт, сиёсату маданияти мамолики Шарқи Наздики асрҳои 13—14 сарчашмаи пурқимат аст. Онро муаррихи советӣ А. А. Ализода дар ду ҷузъ (ҷ. 1, 1962; ҷ. 2, 1973) дар Мо­сква ба табъ расонидааст. Муҳаммад аз ҷумлаи нахустин луғатнависони форс- тоҷик (баъди Қатрони Табрезӣ ва Асадии Тӯсӣ) буда, дар таърихи илму адаби форс-тоҷик бо тасвифи фарҳангҳои «Сиҳоҳ-ул-фурс» ва «Сиҳоҳ-ул-Аҷам» шӯҳрат дорад. «Сиҳоҳ- ул-фурс» соли 1962 дар Теҳрон ба табъ расидааст. «Сиҳоҳ-ул-Аҷам » луғати форсӣ-арабӣ-туркӣ буда, аз он нусхаҳои дастнавис боқӣ мондааст. Фарҳанг очерки грамматикии ин забонҳоро низ дар бар гирифтааст.

Ад.: Заринеааде Г. Г., Персид­ские словаря «Сыхах-аль-Аджам» я «См- хах-ал-фурс». Тезисы докладов межву­зовской конференции по иранской фило­логии, Д., 1988.

С. Имронов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …