Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

МОНАКО

monako-poytakht

МОНАКО (Monaco), пойтахти князии Монако, байдар ва курорт дар соҳили баҳри Миёназамин. Аҳолиаш тақрибан 10 ҳазор нафар (1979). Қасри князь (а-док 13—19) маркази таърихии Монако мебошад. Дар Монако Музеи уқёнусшиносӣ (таъсисаш 1899) ва аквариум, Китобхонаи музеи уқёнусшиносӣ, Музеи антропологии пеш аз таърих, Бюрои байналхалқии гидрограф» мавҷуданд. Монако— ҷои туризм.

Муфассал »

МОНАКО

monako

МОНАКО (Monaco), давлат дар Ҷан. Европа, дар соҳили баҳри Миёназамин. Бо Франция ҳамсарҳад аст. Масоҳаташ 1,9 км3. Аҳолиаш бештар аз 25 ҳазор нафар (1979), аз ҷумла қариб 5 ҳазор монегаскҳо (сокинони аслӣ), зиёда аз 15 ҳазор гражданҳои Франция, 4 ҳазор италиявиҳо зиндагӣ мекунанд. Забони расмӣ — франсавӣ. Дини расмӣ масеҳия. …

Муфассал »

МОНАДА

МОНАДА (аз юн. monados — воҳид, ягона), мафҳумеро гӯянд, ки дар як қатор системаҳои фалсафӣ барои ифодаи унсурҳои муайяни ҳастӣ истифода мешавад. Дар фалсафаи атиқа аввалин шуда пифагориён Монадаро ба сифати принципи ибтидоии таъбири олам истифода бурдаанд. Монада дар фалсафаи аҳди нав аз тарафи Николаи Кузанӣ ва Бруно инкишоф дода …

Муфассал »

МОНАВИЯ

МОНАВИЯ таълимоти диниест, ки асри 3 дар Шарқи Наздик пайдо шуда, бо номи асосгузораш Монӣ машдҳр гардидааст. Монавия ба зудӣ дар Хуросону Мовароуннаҳр, Хитой .Л Шарқи Наздик васеъ паҳн гардид. Монавия як шакли дуализми динӣ буда унсурҳои зардуштия, масеҳияг ва гностицизмро ба ҳам пайвастааст. Аз рӯи таълимоти Монавия дар олам …

Муфассал »

МОМРОЗ

momroz

МОМРОЗ (Carpinus), ҷинси дарахтҳои хазонрез, баъзан бутта аз оилаи Corylaceae. Танаи Момроз пӯстлохи суфтаи хокистарӣ ва шоху барги зич дорад. Баргҳояш пай дар пай сода, гулҳояш ҷудоҷинсаи якхонагӣ мебошанд. Меваи Момроз чормағзаки яктухма буда, лифофаи баргшакл дорад. Қариб 50 намуди Момроз дар Европа, Осиёи Шарқӣ ва Америкаи Шимолӣ мерӯяд. Дар …

Муфассал »