Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

РУЗВЕЛТ Франклин Делано

ru

РУЗВЕЛТ (Roosevelt) Франклин Делано (30. 1. 1882, Ҳайд-Парк, штати Ню-Йорк—12. 4. 1945, Уорм-Спрингс, штати Ҷорҷия), арбоби давлатӣ, президенти ИМА (1933—1945). Аз оилаи заминдори калон ва соҳибкор. Аз рӯи маълумот ҳуқуқшинос; дар мактаби хусусии имтиёзноки Гротон, университетҳои Ҳарвард ва Колумбия таҳстл намуд, дар фирмаи ҳуқуқшиносӣ кор кард (1907—1910). Соли 1910 Рузвелт …

Муфассал »

РУКАВИШНИКОВ Николай Николаевич

РУКАВИШНИКОВ Николай Николаевич (таваллудаш 18. 9. 1932, Томск), лётчик-кайҳоннаварди СССР, ду карат Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ (1971, 1974). Аъзои КПСС аз соли 1970. Соли 1957 Институти инженерию физикии Москваро хатм карда дар Бюрои конструкторӣ ба кор шурӯъ намуд. Аз соли 1967 дар отряди кайҳоннавардон. 23—25 апрели 1971 (якҷоя бо В. А. …

Муфассал »

РУДОЛФИ Карл Асмунд

karl_rudolphi

РУДОЛФИ (Rudolphi) Карл Асмунд. (14. 6. 1771, Стокголм—29. 11. 1832, Берлин), табиатшиноси немис, аъзо-корр. АФ Петербург (1803). Профессори университетҳои Грейфсвалд (аз 1797) ва Берлин (аз 1810). Рудолфи муаллифи аввалин дар адабиёти ҷаҳонӣ феҳристи гелминтҳо — «Entozoorum sy¬nopsis…» (1822) мебошад. Ӯ дар ин асари худ, тавсифи 981 намуди паразитҳоро дода, онҳоро …

Муфассал »

Деҳаи РУЗВАӢ

РУЗВАӢ, деҳаест дар Cовети қишлоқи Қалъаихуми pайони Қалъаихуми ВАБК. Территорият совхози ба номи Ю. Фучик. Аз Рузваӣ то маркази Совети қишлоқ ва район 5 км. Аҳолиаш 300 нафар (1981), тоҷикон. Деҳа мактаби 8-сола, китобхона ва пункти тиббӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ боғдорӣ, кирмакдорӣ ва картошкаю сабзавоткорист. Сокинони деҳа аз оби …

Муфассал »

Кули РУДОЛФ

laketurkanasouthisland

РУДОЛФ (Rydolf), кули баста ва обаш каме шӯр дар Африкаи Шарқӣ, дар Кения. Дар пастхамии тек¬тоникӣ, дар баландии 375 м аз сатҳи баҳр воқеъ гаштааст. Тӯлаш 220 км, ба¬раш то 50 км, масоҳаташ 8,5 ҳазор км2. Чуқуриаш то 73 м. Ба кӯл дарёи Омо ва як қатор дарёҳои дигар мерезанд. …

Муфассал »