Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

МОШИНИ ЧОП

printer

МОШИНИ ЧОП дар полиграфия, мошинест барои чопи китобу рӯзнома, журналу плакат, этикеткаҳои гуногун ва ғ. хизмат мекунад. Ҷузъҳои асосии Мошини чоп инҳоанд: аппарати чоп (рангро аз қолаб ба коғаз мегузаронад); аппарати рангмол (ба рӯи қолаб ранг мемолад); системаи интиқоли коғаз (коғазро ба аппарати чоп медарораду коғази матндор— оттискро аз он …

Муфассал »

МОШИНИ ТРИКОТАЖ

trikotaj

МОШИНИ ТРИКОТАЖ, мошинест барои бо роҳи механикӣ бофтани матои трикотажӣ ё маснуоти донабоф (мас., ҷӯроб, дастпӯшак). Мошини трикотаж аз ресмон ҳалқаҳо ҳосил карда ва ин ҳалқаҳоро дар шаклҳои гуногун мебофад (ниг. Бофти тору пуд). Мошинҳои трикотаж аз ҳамдигар вобаста ба таъинот, сохт, намуди сӯзанҳои трикотажбофӣ ва ғ. фарқ доранд. Мас., …

Муфассал »

МОШИНИ ТАЪЛИМДИҲАНДА

МОШИНИ ТАЪЛИМДИҲАНДА, олатест, ки схемаи муайяни таълими программавиро амалӣ мегардонад. Бо ёрии Мошини таълимдиҳанда талабаҳо далелҳоро (формулаҳои математикӣ, қоидаҳои навишт, прринципҳои ҳалли проблема ва ғ.) аз худ мекунанд ва малакаҳои амалӣ ба даст меоранд. Мошини таълимдиҳанда яке аз воситаҳои техникии таълим ба ҳисоб меравад.

Муфассал »

МОШИНИ РЕСМОНТОБӢ

МОШИНИ РЕСМОНТОБӢ, мошинест дар истеҳсолоти бофандагӣ барои тайёр кардани нахҳои тофта, тор, ресмон ва ғ. Узви кории асосии он дук мебошад. Дук чарх зада, ресмонро метобад; дар як вақт ресмон ба найчаи ба дук шинондашуда печида, калоба ҳосил мекунад. Мошини ресмонтобӣ ҳалқадор дар ҳамаи соҳаҳои саноати бофандагӣ маъмултарин мебошад. Ҳозир …

Муфассал »

МОШИНИ РЕСМОНРЕСӢ

МОШИНИ РЕСМОНРЕСӢ, мошинест, ки дар истеҳсолоти ресмонресӣ аз пилта ресмон ҳосил мекунад; дар Мошини ресмонресӣ процесси коркарди масолҳи нахдор анҷом меёбад. Мошини ресмонресӣ вобаста ба намуди нахҳои истифодашаванда (пахта, лиф, пашм, партовҳои абрешим) ҳар хел мешавад. Мошинҳои ресмонресии бефосила ва даврӣ амалкунанда низ мавҷуданд. Ҳосилнокии Мошини ресмонресии бефосилаамалкунанда баланд аст, …

Муфассал »