Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

МОҲИЯТ ВА ЗУҲУР

МОҲИЯТ ВА ЗУҲУР, категорияҳои фалсафиеанд, ки ҷиҳатҳои гуногуни ашьё, зинаҳои маърифат, дараҷаи донистани объектро ифода мекунанд. Моҳият робитаҳои муҳим, зарурӣ ва инсоатаи устувори воқеиятро ифода менамояд. Зуҳур ифодаи ҷиҳатҳои махсуси ашьё, хусусиятҳои гузаранда ва мутағайири он мебошад. Категорияҳои Моҳият ва зуҳур хусусият ё нишонаҳои хос ва муштарак доранд. Моҳият ифодаи …

Муфассал »

МОҲИХӮРАК

mohikhurak

МОҲИХӮРАК (Phalacrocorax), як ҷинси паррандаҳои обиро гӯянд, ки ба оилаи Steganopodcs мансуб аст. Дарозии танаш 55 —92 см. Болу параш сиёҳ. Қариб 30 намуди Моҳихӯрак дар Европа, Америкаи Шимолӣ, Осиё, Африка, Австралия ва Зеландияи Нав паҳн шудааст. Дар СССР ва дар Тоҷикистон 2 намуди Моҳихӯрак: Моҳихӯраки калон (Ph. carbo; ниг. …

Муфассал »

МОҲИРИ АКБАРОБОДӢ

nophoto

МОҲИРИ АКБАРОБОДӢ Шайх Муҳаммадалӣ (соли таваллуд номаълум — вафот 1678), шоири форсизабони Ҳиндустон. Моҳири Акбарободӣ шахси таҳсилдида ва аз илмҳои зарурии замон бохабар буд. Аз улуму фунуни шоирӣ низ баҳравар гардидааст. Махсусан, ба шеъри Қудсӣ ва Калими Кошонӣ таваҷҷӯҳи зиёде дошт. Дар дарбори ҳукмронони давраш — Дорошукӯҳ ва Оламгир хидмат …

Муфассал »

МОҲИДОРӢ

mohiparvari

МОҲИДОРӢ, моҳипарварӣ, соҳаи хоҷагии халқ, ки бо парвариш, зиёд намудани захира ва беҳтар кардани сифати моҳӣ дар обанбор, кӯл, ҳавз ва ғ. машғул аст. Моҳидорӣ ду навъ: Моҳидории обанборию ҳавзаҳои табиӣ ва Моҳидории ҳавзаҳои сунъӣ мешавад. Дар ҳавзаҳои табиӣ (баҳр, дарьё ва кӯл) аз сабаби номусоид шудани шароит (тағйири режим …

Муфассал »

МОҲИ СИНОДӢ

mohi-sinody

МОҲИ СИНОДӢ (аз юн. synodos— қирон, наздикшавӣ), фосилаи вақтест байни ду фазаи якхелаи пайдарпаи Моҳ (мас., аз ҳилол то ҳилол). Моҳи синодӣ асоси солшумории қамарӣ гардид, ки он дар замонҳои қадим аз зарурати ба ҳисоб гирифтани фосилаҳои калони вақт пайдо шуда буд ва дар он моҳҳо бонавбат 29 ва 30 …

Муфассал »