Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

МОҲПАРВИН

mohparvin

МОҲПАРВИН, 1) сомиамбулизм (аз лот. comnus — хоб ва ambulo — мегардам, гаштугузор мекунам), ҳолати беморӣ, ҳаракатҳои бешууронаи зоҳиран ботартиб, вале бемаънию хатарноке, ки дар хоб воқеъ гашта, баъди бедор шудан фаромӯш мешаванд. Моҳипарвин ба таври сунъӣ ба воситаи гипноз ба вуҷуд овардан мумкин аст. Ин шаҳодати он аст, ки …

Муфассал »

МОҲИҲОИ ПАРРОН

mohii-parron

МОҲИҲОИ ПАРРОН (Exocoetidae), як оилаи моҳиҳоеро гӯянд, ки ба қатори Beloniformes мансубаст. Дарозии баданашон то 45 см; боли сандуқи дилашон ниҳоят дароз ва васеъ буда, барои дар болои об парвоз кардан мувофиқ шудааст. Моҳиҳои паррон дар ҳаво зиёда аз 100 м дар баландии то 10 м парвоз карда метавонанд. Боли …

Муфассал »

МОҲИҲОИ ЗИНДАЗО

mohihoi-zindazo

МОҲИҲОИ ЗИНДАЗО, моҳиҳоеро гӯянд, ки тухм нагузошта бача мезоянд. Аксари наҳангшаклҳо (наҳанг, скатҳо), баъзе моҳиҳои устухондор (хормоҳии баҳрӣ, гулмоҳӣ ва ғ.) зиндазо мебошанд. Дар ҳамаи Моҳиҳои зиндазо бордоршавӣ дохилӣ аст. Моҳиҳои зиндазо ду хел мешаванд: Моҳиҳои зиндазо ва тухмзиндазо. Дар Моҳиҳои зиндазо ҷанин дар тухмдон инкишоф меёбад. Ин процесс аз …

Муфассал »

МОҲИҲОИ АКВАРИУМӢ

akvarium

МОҲИҲОИ АКВАРИУМӢ, моҳиҳоеро гӯянд, ки дар аквариумҳо парвариш карда мешаванд. Бештари Моҳиҳои аквариумӣ дар шароитҳои табиӣ дар обанборҳои обҳои ширини тропикӣ ва субтропикӣ сокин мебошанд. Моҳиҳои аквариумӣ одатан ранги банур, шакли зебо ва андозаи хурд доранд. Ба Моҳиҳои аквариумӣ аз қатори гулмоҳишаклҳо оилаҳои харақинидҳо, хемиодоитидҳо, аностомидҳо, гулмоҳиҳо, аз қатори хормоҳишакли …

Муфассал »

МОҲИҲО

mohiho

МОҲИҲО, як гурӯҳи ҳайвонҳои мӯҳрадори обиро гӯянд, ки ҳарорати баданашон тағйир ёфта меистад. Ба 2 синф ҷудо мешаванд: гирддаҳонҳо ва моҳиҳои аслӣ. Моҳиҳои аслӣ (Pisces) 7 зерсинфро дар бар мегиранд: акантодҳо, артродирҳо, Моҳиҳои болдор (Моҳиҳои қадимаи мурдарафта), лавҳағалсамагиҳо, capбутунҳо, духелнафаскашандаҳо, пуррадаҳонҳо (баъзе намудҳояшон мурдарафтаанд, намудҳои дигарашон ҳанӯз ҳам ҳастанд). Умуман …

Муфассал »