Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

МУАЗЗАМХОН

nophoto

МУАЗЗАМХОН духтари Мирсаид (таваллуд нимаи дуюми асри 19, Хуҷанд—1917, Ҷиззах), шоираи зуллисонайн. Ашъорашро ба тоҷикию ӯзбекӣ эҷод кардааст. Зиёда аз 500 байт шеъри Муаззамхон дар шакли девони алоҳида маҳфуз мондааст. Ашъори ӯ дар баёзи хоҳараш Муаттархон низ мавҷуд аст. Ғазалҳои Муаззамхон бо равонии забон, равшании фикр ва аниқии ифода мумтозанд. …

Муфассал »

МРАВИНСКИЙ Евгений Александрович

marvinskiy

МРАВИНСКИЙ Евгений Александрович (таваллуд 22. 5. 1903, Петербург), дирижёри советӣ, Артисти Халқии СССР (1954), Қаҳрамони Меҳнати Социалистӣ (1973). Соли 1931 Консерваторияи Ленинградро хатм кардааст. Солҳои 1932—38 дирижёри Teaтри давлатии опера ва балети ба номи С. М. Киров. Аз соли 1938 сардирнжёри оркестри Филармонияи Ленинград. Солҳои 1936-1937 ва аз 1961 дар …

Муфассал »

«МОҲУР»

«МОҲУР» 1) номи яке аз шӯъбаҳо дар системаи «Дувоздаҳмақом», ки дар радифи ҳафтуми 24 шӯъба ҷой дорад. Моҳур қаторовози ҳаштзинадор буда, оҳангаш ҳузнангез будааст. Абдурраҳмони Ҷомӣ дар «Рисолаи мусиқӣ» Моҳурро дар фасли 24 шӯъбаи «Дувоздаҳмақом» зикр намуда, дар чӣ гуна пайдо шудани пардаҳои он ва таркиботашро нишон медиҳад. 2) Мақоми …

Муфассал »

МОҲТОБӢ

mohtobi

МОҲТОБӢ, як навъ зардолу. Асосан дар районҳои Айнӣ, Мастчоҳ, инчунин дар Ленинобод, Исфара ва Самарқанду водии Фарғона мерӯяд. Дарахташ калон, сершох, 80—100 сол умр мебинад. Ҳосилаш миёна. Мевааш асосан зардчаи кулула (то 25 г), мағзаш сершираи зардтоб, ширин, асосан барои тархӯрӣ истифода мекунанд. А. Пӯлодов.

Муфассал »

«МОҲРАВШАНОН»

«МОҲРАВШАНОН» Оҳанги қадимӣ мансуб ба мутрибаи номии давраи Сосониён—Моҳравшанон. 2) Шӯъбаи мусиқӣ дар «Ҳаштмақом». 3) Гӯшаи созӣ дар «Дувоздаҳмақом», ки дар таркиби шӯъбаҳои «Мухайяр», «Наврӯзи Сабо» ва «Нухуш» амал дорад.

Муфассал »