Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

МУЗАФФАРАЛӢ

nophoto

МУЗАФФАРАЛӢ (соли таваллуд ва вафот номаълум), мусаввири асри 10, намояндаи барҷастан мактаби минётури Табрез. Шогирди Беҳзод. Дар бораи Музаффаралӣ дар асари «Таърихи оламорои Аббосӣ»-и муаррихи охири асри 16-аввали асри 17 Искандари Муншӣ маълумот ҳаст. Аз гуфтаҳои ин муаррих чунин бармеояд, ки Музаффаралӣ, габр аз минётурнигорӣ, дар суратгарии рӯи девор ҳам …

Муфассал »

МУДОФИАИ ГРАЖДАНӢ

mudofiai-grazhdani

МУДОФИАИ ГРАЖДАНӢ, системаи чорабиниҳои мудофиавии умумидавлатие, ки дар замони осоишта ва давраи ҷанг бо мақсади аз ҳуҷуми эҳтимолии душман муҳофизат кардани аҳолӣ ва таъмини мӯътадили кори хонагии халқ ба амал бароварда мешавад. Татбиқи чорабиниҳо оид ба муҳофизати аҳолӣ ва хоҷагии халқ ҳанӯз дар давраи Ҷанги якуми ҷаҳонӣ (1914—18) оғоз ёфтааст. …

Муфассал »

МУДОФИА АЗ ҲУҶУМИ ҲАВОӢ (ПВО)

pvo

МУДОФИА АЗ ҲУҶУМИ ҲАВОӢ (ПВО), маҷмӯи чорабиниҳо оид ба зада гардонидани зарбаи ҳавоии душман. ПВО се навъ мешавад: ПВО-и мамлакат, ПВО-и қӯшунҳо ва ПВО-и флот. ПВО-и мамлакат дар СССР маҷмӯи чорабиниҳои умумидавлатӣ ва амалиёти ҷангии қӯшунҳои ПВО-и мамлакат буда, муҳофизати аҳолӣ, районҳои муҳим, марказҳои маъмурӣ-сиёсӣ, саноатӣ-иқтисодӣ ва дигар иншооти муҳими …

Муфассал »

МУДОФИА АЗ ЯРОҚИ ҚАТЛИ ОМ

mudofia-az-yaroq

МУДОФИА АЗ ЯРОҚИ ҚАТЛИ ОМ, маҷмӯи чорабиниҳо барои муҳофизати қӯшун, аҳолӣ ва иншооти хоҷагии халқ аз яроқи ядроӣ, химиявӣ ва бактериологӣ. Муҳофизати қӯшунҳо аз яроқи қатли ом аз тарафи ҳамаи фармондеҳон ва штабҳо мувофиқи вазифаҳои зерин ташкил карда мешавад: ба таври максималӣ суст гардондани таъсири яроқи ядроӣ, химиявӣ ё бактериологӣ, …

Муфассал »

МУДОФИА

mudofia

МУДОФИА, мудофиа (ар. — дифоъ кардан, ҳимоя ва тарафдорӣ кардан), навъи ҷанг, ки бо мақсади пешгирӣ кардан ё зада гардонидани ҳуҷуми душман, шикаст расондан ва мавқеъро нигоҳ доштан ва барои ҳуҷум шароит ба вуҷуд овардан ба вуқӯъ меояд. Аксараи қӯшун дар шароити номусоид ё номувофиқии ҳуҷум ба Мудофиа мегузарад. Мудофиа …

Муфассал »