Маълумоти охирин

МУЗАФФАРАЛӢ

nophotoМУЗАФФАРАЛӢ (соли таваллуд ва вафот номаълум), мусаввири асри 10, намояндаи барҷастан мактаби минётури Табрез. Шогирди Беҳзод. Дар бораи Музаффаралӣ дар асари «Таърихи оламорои Аббосӣ»-и муаррихи охири асри 16-аввали асри 17 Искандари Муншӣ маълумот ҳаст. Аз гуфтаҳои ин муаррих чунин бармеояд, ки Музаффаралӣ, габр аз минётурнигорӣ, дар суратгарии рӯи девор ҳам устод будааст (нақшҳои рӯидевории қасри Чиҳилсутуни Қазвин). Музаффаралӣ дар ороиши бисёр дастнависҳои машҳури замонаш иштирок дошт. Як минётури «Хамса»-и Низомӣ (с. китобат 1539—43, дар Китобхонаи Британия, Лондон), ки манзараи гӯрхарро шикор кардани Баҳроми Гӯр тасвир ёфтааст, аз намунаҳои амали ӯ буда, то замони мо расидааст. Сиёвушбек ва Содиқбеки Афшор аз ҷумлаи шогирдони Музаффаралӣ мебошаид.

М. Ашрафӣ.

 

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …