Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

«МАҶМАЪ-УС-САНОЕЪ»

«МАҶМАЪ-УС-САНОЕЪ» асари Cиддиққии Ҳусайнӣ дар боби санъати бадеӣ ва нақди шеър, ки соли 1650 таълиф шудааст. «Маҷмаъ-ун-нафоис» аз муқаддимаи мухтасар, фаслҳои «Дар тақсими калом», «Дар баёни бадоеи лафзӣ», «Дар зикри саноеи маънавӣ», «Дар сиркоти шеър» ва хотима иборат суда, дар он 73 санъати ба­деӣ, 10 навъи шеър ва 9 истилоҳи …

Муфассал »

«МАҶМАЪ-УН-НАФОИС»

«МАҶМАЪ-УН-НАФОИС» тазкира, таълифи Сироҷуддин Алихоҷа Орзу (тақр. 1085—1775). Дар Ҳиндустон таълиф шудааст. «Маҷмаъ-ун-нафоис» тақрибан дар бораи 1735 шоири форс- тоҷик маълумот медиҳад, Суханварон дар тазкира ба тартиби алиф­бои арабӣ ҷой гирифтаанд (аз Абӯязид (Боязид)-и Бастомӣ то Яктон Кашмирӣ). Шарҳи ҳоли баъзе шо­ирон муфассалтар ва баъзе нисбатан мухтасар омадааст. Хусусан маълу­моти …

Муфассал »

«МАҶМАЪ-УЛ-ҒАРОИБ»

«МАҶМАЪ-УЛ-ҒАРОИБ» асари космографии олим ва сайёҳи тоҷик Султонмуҳаммад ибни Дарвешмуҳаммади Балхӣ, ки миёнаи а. 16 дар Балх (Афғонистон) зиндагӣ ва эҷод кардааст. Иншои асар ба с-ҳои 1575—76 рост меояд. «Маҷмаъ-ул-ғароиб» мансуби жанри космографии «Аҷоибот» буда, дар адабиёти геог­рафии форсу ағози асримиёнагӣ шӯҳрат дошт. Асари Балхӣ қариб 20 бобро дар бар …

Муфассал »

«МАҶМАЪ-УЛ-ФУСАҲО»

«МАҶМАЪ-УЛ-ФУСАҲО» тазкира, таълифи Ризоқулихони Ҳидоят. Таълифаш соли 1857 ба итмом расидааст. «Маҷмаъ-ул-фусаҳо» тазкираи умумӣ бу­да, дар он доир ба ҳаёту осори 865 тан шоирону адибон, шоҳону ҳокимон ва шоҳзодагону амалдорони шоиртабъи Мовароуннаҳру Хуросон, Эрону Ҳиндустон ва диг. вилоятҳо, ки аз асри 8 то ҳангоми таъ­лифи тазкира ҳаёт ба cap бурдаанд, …

Муфассал »

«МАҶМАЪ-УЛ-ФУРС»

«МАҶМАЪ-УЛ-ФУРС» ё «Фарҳанги Суғурии Ko­рии», фарҳанги тафсирӣ, таълифи Суғурӣ. Таҳрири якуми «Маҷмаъ-ул-фурс» солҳои 1599—1600 поён ёфтааст. Дар таҳри­ри дуюм (1628) муаллиф аз «Фарҳанги Ҷаҳонгирӣ» истифода кардааст. «Маҷмаъ-ул-фурс» аз муқаддима, 28 боб ва мулҳақот иборат аст. Фарҳанг асосан аз калимаҳои форсӣ (тоҷикӣ), (бештар калимаҳои камистеъмол ва архаизмҳо) тартиб ёфтааст. Мулҳақот истиорот, …

Муфассал »